Ru  | Tj
Русия ва Чин ба зарурати озодсозии дороиҳои Афғонистон таъкид карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия ва Чин ба зарурати озодсозии дороиҳои Афғонистон таъкид карданд
Акс: Sputnik

Русия ва Чин ба зарурати озодсозии дороиҳои Афғонистон таъкид карданд

Нашр шуд

Намояндагони Русия ва Чин дар Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид хостори озодсозии дороиҳои дар банд мондаи Афғонистон шуданд.

Ба гузориши Sputnik, намояндагони Русия ва Чин Анна Ӯстинова ва Ганг Швон дар нишасти ахири Шӯрои Амнияти Созмони милал хостаанд, ки барои рафъи мушкили иқтисодӣ ва беҳбуди зиндагии мардуми кишвар бояд дороиҳои масдудшудаи Афғонистон озод шаванд.

Манбаъ меафзояд, Анна Ӯстинова ва Ганг Швонг таъкид доштаанд, ки Русия ва Чин мехоҳанд дороиҳои Афғонистон ба таври комил ва фаврӣ озод гарданд, то аз онҳо барои бартарафсозии буҳрони башарӣ дар ин кишвар истифода бурда шавад.

Моҳи феврали соли ҷорӣ Ҷо Байден, Президенти ИМА фармони  масдуд кардани 7 миллиард доллар аз дороиҳои Бонки марказии Афғонистонро, ки дар бонкҳои Амрико нигоҳ дошта мешуданд, имзо карда буд.

Бояд гуфт, ки дар пайи ба қудрат расидани Толибон* иқтисоди Афғонистон ба далели масдуд шудани дороиҳои байналмилалии ин кишвар ва қатъи кумакҳои хориҷӣ ба бӯҳрони шадид рӯбарӯ шудааст. Қаблан чандин созмонҳои байналмилалӣ аз фоҷеаи башарӣ ва гуруснагӣ дар ин кишвар бонги хатар зада буданд.

Толибон*- созмони мамнуъ дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳо.

Бонкҳои Тоҷикистон кортҳои пардохтии Русия - "Мир"-ро қабул мекунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед