Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Русия ва Тоҷикистон ҳамкориҳоро дар бахши нақлиёт густариш хоҳанд дод
Нашр шуд
Дар Маскав ахиран мулоқоти дуҷонибаи вазирони нақлиёти Тоҷикистон ва Русия баргузор шуда, зимни он масоили тавсеаи масирҳои ҳамлу нақли мусофир ва бор миёни ду кишвар матраҳ шуд.
Дар доираи ширкат дар ҳамоиши байналмилалии XVIII «Нақлиёти Русия – 2024», ахиран дар Маскав мулоқоти дуҷонибаи Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон ва Роман Старовойт, вазири нақлиёти Русия баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод.
Дар ҷараёни мулоқоти дуҷониба вазири нақлиёти Тоҷикистон бо ҳамтои русиягии худ масъалаҳои мубрами ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, инфрасохтори нақлиётӣ ва нақлиёти роҳи оҳанро баррасӣ кард.
Ба иттилои ин ниҳод, аз ҷумла Азим Иброҳим масъалаи зиёд кардани шумораи рухсатномаҳои шакли P-3-ро аз/то кишварҳои сеюм ва иҷозати ҳаракати воситаҳои нақлиёти боркаши Тоҷикистонро тавассути дигар нуқтаҳои убури сарҳади байни Русия ва Беларусро матраҳ кард. Дар ҳоли ҳозир барои мошинҳои боркаши Тоҷикистон танҳо як нуқтаи убури марзӣ «Езерише – Лобок» боз аст.
Дар баробари ин вазири нақлиёти Тоҷикистон дубора барқарор кардани қатори мусофирбари роҳи оҳан тариқи хатсайри «Душанбе – Маскав»-ро дар миён гузошт. Айни замон қатори мусофирбар аз Душанбе танҳо то шаҳри Волгоград меравад.
Инчунин ба кушодани хатсайрҳои нави байналмилалии автобусӣ - «Душанбе – Маскав», «Бохтар – Маскав», «Хуҷанд – Қазон», «Хуҷанд – Маскав» ва «Хуҷанд – Екатеринбург» низ таваҷҷуҳи хос зоҳир шуд.
Илова бар ин, вазири нақлиёти Тоҷикистон ба ҷониби Русия пешниҳод кард, ки масъалаи коҳиш додани нархҳо барои хизматрасониҳо оид ба интиқоли борҳои воридотию содиротӣ бо нақлиёти роҳи оҳан аз Тоҷикистон тавассути қаламрави Русияро дар назар бигирад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкорӣ байни КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» ва ҶСК «Роҳҳои оҳани Русия» дар заминаи хариди вагонҳои боркаши муосир, вагонҳои мусофирбарӣ ва локомотивҳо, маводи роҳи оҳан ва қисмҳои эҳтиётӣ барои эҳтиёҷоти роҳи оҳани Тоҷикистон изҳор намуданд.
«Бо дарназардошти чолишҳои муосир Тоҷикистон ба рушди нақлиёти шаҳрӣ ва ҷорӣ намудани низоми рақамӣ дар соҳаи нақлиёт аҳамияти калон медиҳад. Ба манзури ин, инчунин таҷрибаи ғании ҷониби Русия, мо ба ҳамкорӣ бо шумо дар ин самт манфиатдорем» - изҳор дошт вазири нақлиёти Тоҷикистон.
Хотиррасон мекунем, ки моҳи ноябри соли гузашта дар Маскав миёни вазоратҳои нақлиёти Тоҷикистон ва Русия ёддошти тафоҳум дар заминаи омода намудан ва бозомӯзии мутахассисон дар соҳаи нақлиёт ва «Харитаи Роҳ» дар соҳаи нақлиёт барои солҳои 2023 - 2025 ба имзо расида буд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед