Ru  | Tj
Русия ва Тоҷикистон ба мусолиҳа омаданд, ки табодули молро афзоиш диҳанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия ва Тоҷикистон ба мусолиҳа омаданд, ки табодули молро афзоиш диҳанд

Русия ва Тоҷикистон ба мусолиҳа омаданд, ки табодули молро афзоиш диҳанд

Нашр шуд

8 феврал Вазири саноат ва савдои Федератсияи Русия Денис Мантуров бо Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир мулоқот кард, менависад вебсайти Вазорати саноат ва савдои Русия.

Ҷонибҳо вазъи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро арзёбӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки барои афзоиши мубодилаи мол миёни ду кишвар саъйҳои муштарак ба харҷ медиҳанд.

Ғайр аз ин, масъалаи дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи автомобилсозӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, ҷонибҳо имкони кушодани истеҳсоли  шинаро дар қаламрави Тоҷикистон баррасӣ карданд.

Денис Мантуров Шералӣ Кабир ва ширкатҳои Тоҷикистонро барои ширкат дар намоишгоҳи байналмилалии "Ҳафтаи калони саноатӣ", ки аввали моҳи апрел дар Тошканд баргузор мешавад, даъват кард.

Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия иштирок мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед