Ru  | Tj
Русия ва Тоҷикистон беш аз 30 тарҳро ба маблағи 1 милярд долар амалӣ мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия ва Тоҷикистон беш аз 30 тарҳро ба маблағи 1 милярд долар амалӣ мекунанд
Акс: e-cis.info

Русия ва Тоҷикистон беш аз 30 тарҳро ба маблағи 1 милярд долар амалӣ мекунанд

Нашр шуд

Марат Ҳуснуллин, муовини нахуствазири Русия гуфт, ки Русия аз ҷиҳати гардиши мол бо Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор дорад ва мизони он дар ҳоли афзоиш аст.

Русия ва Тоҷикистон беш аз 30 тарҳи муштаракро амалӣ мекунанд, ки дар онҳо беш аз 1 милярд долар сармоягузорӣ мешавад. Дар ин бора Марат Ҳуснуллин, муовини нахуствазири Русия зимни суханронӣ дар ҳамоиши байнулмилалии сармоягузории «Душанбе-2023», ки дар пойтахти Тоҷикистон ифтитоҳ шуд, изҳор дошт.

"Ҳамкории Русия ва Тоҷикистон дар рӯҳияи шарикии истротежик идома дорад. Имрӯз мо беш аз 30 лоиҳаи муштарак ба маблағи беш аз 100 милярд рубл (беш аз 1 милярд долар) дорем. Умедворем, ки ин ҳамкорӣ густариш хоҳад ёфт", - гуфт Ҳуснулин.

Муовини нахуствазири Русия дар идома зикр кард, ки ҳамроҳи ӯ намояндагони доираҳои тиҷорӣ ва мақомоти давлатии ин кишвар ҳайати 150 нафар ба Душанбе омадаанд.

Вай ёдоварӣ кард, ки Русия аз лиҳози гардиши мол бо Тоҷикистон дар мақоми аввал қарор дорад ва мизони он дар ҳоли афзоиш аст.

Гуфтанист, мубодилоти тиҷоратӣ миёни Тоҷикистон ва Русия дар ҳафт моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 9,8 дарсад афзоиш ёфта, ба 997,4 милён долар расид, ки дар байни дигар шарикони тиҷоратии Душанбе баландтарин нишондод аст.

Бояд гуфт, ки тиҷорати хориҷӣ миёни Русия ва Тоҷикистон дар соли 2022 18,3% афзоиш ёфта, ба нишондоди рекордии 1,4 милярд долар расид.

Тибқи иттилои хабаргузории ТАСС, ҳаҷми сармоягузории ҷамъшудаи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1,3 милярд рублро ташкил дода, дар ин кишвар беш аз 300 ширкат бо мушорикати сармоягузорони Русия фаъолият доранд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед