Ru  | Tj
Русия ва Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм тадобири муштарак меандешанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия ва Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм тадобири муштарак меандешанд
Акс: Интернет

Русия ва Тоҷикистон дар мубориза бо терроризм тадобири муштарак меандешанд

Нашр шуд

Дар Маскав даври навбатии машваратҳои Русияву Тоҷикистон оид ба муқовимат бо чолишҳо ва таҳдидҳо дар сатҳи муовинони Вазирони корҳои хориҷӣ  баргузор гардид

Чӣ тавре, ки Вазорати корҳои хориҷии Русия хабар медиҳад,  рӯзи 22-юми декабри соли ҷорӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Русия Олег Сиромолотов ва ҳамтои тоҷики ӯ Содиқ Имомӣ масъалаҳои мубрами муқовимат бо терроризм ва ифротгароии байналмиллалиро дар пасманзари рушди вазъ дар Афғонистон муҳокима кардаанд.

Ба таъкиди манбаъ, дар нишаст ҷонибҳо ба масъалаи таҳкими ҳамкориҳои соҳавии Русия ва Тоҷикистон ба манофеи таъмини амну субот дар Осиёи Марказӣ таваҷҷӯҳи вижае зоҳир намудаанд.

Қайд мегардад, ки муовини Вазири корҳои хориҷии Русия ва ҳамтои тоҷикистонии ӯ масоили мубориза бо ДИИШ ва дигар созмонҳои террористиро ба маркази баҳс кашида, таъкид доштаанд, ки дар ин самт зарурати муттаҳидсозии талошҳои ҷаҳонӣ чораи муҳим ва саривақтӣ мебошад.

Ҳамчунин, дар масъалаи тавсеаи мутараққии муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои нав дар платформаҳои муҳимми байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, ИДМ, СПАД, СҲШ миёни Сиромолотов ва Имомӣ тавофуқ ҳосил шудааст.

Ёдовар мешавем, ки ҳар сол бар асоси Барномаи ҳамкориҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Русия ва Тоҷикистон машваратҳои вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар оид ба мубориза бо терроризми байналмилалӣ сурат мегирад.


Бар густариши ҳамкориҳои муштараки амниятии Тоҷикистону Русия таҷдиди назар шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед