Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия ва Тоҷикистон лоиҳаҳои рақамиро ба маблағи беш аз 2,5 миллиард рубл таҳия мекунанд
Нашр шуд
Дар ин лоиҳаҳо масъалаи омӯзиши кадрҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ барои Тоҷикистон дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад.
Русия ва Тоҷикистон лоиҳаҳои муштаракро дар соҳаи рақамисозӣ ба маблағи беш аз 2,5 миллиард рубл, аз ҷумла бо таваҷҷуҳ ба омӯзиши кадрҳо дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ таҳия мекунанд.
Дар ин бора ба хабаргузории ТАСС Ислом Назаралиев, раиси Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон дар поёни Анҷумани байнипарлумонии «Тоҷикистон - Русия: иқтидори ҳамкориҳои байниминтақавӣ», ки 10 октябр дар Душанбе баргузор шуд, хабар дод.
Вай таъкид кард, ки ҷорӣ намудани усулҳои таълимии русӣ дар Тоҷикистон омодасозии мутахассисони соҳибихтисосро суръат мебахшад, ки асоси рушди минбаъдаи иқтисоди рақамӣ мегардад.
Илова бар ин, Назаралиев муътақид аст, ки шарикӣ бо ширкатҳои русӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ дастрасии Тоҷикистонро ба таҷриба ва манобеи беҳтарини ҷаҳонӣ таъмин карда, ҳамчунин имконот барои рушди на танҳо бахши рақамӣ, балки дар умум иқтисодро фароҳам мекунад.
Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 4 октябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси шӯро дар бораи таҳияи беш аз 30 лоиҳаи тиҷоратӣ ба маблағи умумии беш аз 3,7 миллиард рубл хабар дод, ки бештари онҳо ба технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла шаҳри ҳушманд ва ҳукумати электронӣ марбут аст.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

«Дар робита ба рақамисозӣ, Шурои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон якҷоя бо шарикон дар айни замон лоиҳаҳоро бо арзиши умумии беш аз 2,5 миллиард рубл таҳия карда истодаанд», - гуфт Назаралиев.Ба гуфтаи номбурда, бо рушди иқтисодиёти рақамӣ диққати махсус додан ба омодасозии кадрҳо ва омӯзиши малакаҳои рақамии муосир муҳим аст.
Вай таъкид кард, ки ҷорӣ намудани усулҳои таълимии русӣ дар Тоҷикистон омодасозии мутахассисони соҳибихтисосро суръат мебахшад, ки асоси рушди минбаъдаи иқтисоди рақамӣ мегардад.
Илова бар ин, Назаралиев муътақид аст, ки шарикӣ бо ширкатҳои русӣ дар бахши фанновариҳои иттилоотӣ дастрасии Тоҷикистонро ба таҷриба ва манобеи беҳтарини ҷаҳонӣ таъмин карда, ҳамчунин имконот барои рушди на танҳо бахши рақамӣ, балки дар умум иқтисодро фароҳам мекунад.
Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 4 октябр дар Душанбе ҷаласаи навбатии Шӯрои соҳибкорони Русияву Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он раиси шӯро дар бораи таҳияи беш аз 30 лоиҳаи тиҷоратӣ ба маблағи умумии беш аз 3,7 миллиард рубл хабар дод, ки бештари онҳо ба технологияҳои рақамӣ, аз ҷумла шаҳри ҳушманд ва ҳукумати электронӣ марбут аст.
Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед