Ru  | Tj
Русия, Ӯзбекистон ва ИДМ ба таҷлили Навруз ба Душанбе меоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Русия, Ӯзбекистон ва ИДМ ба таҷлили Навруз ба Душанбе меоянд
Акс: euctj.org

Русия, Ӯзбекистон ва ИДМ ба таҷлили Навруз ба Душанбе меоянд

Нашр шуд

Пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе дар соли 2021 пойтахти фарҳангии ИДМ эълон шудааст ва бахшида ба ин Ҳукумати шаҳр тасмим гирифтааст, ки санаи 22 март Дуюмин форуми “Наврӯзи Душанбе - меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ” гузаронад, хабар медиҳад Ҳукумати шаҳр.

Барои иштирок дар форум намояндагиҳои ташкилоту давлатҳои хориҷӣ даъват карда шудаанд ва то имрӯз ҷониби Ӯзбекистон, Русия ва Кумитаи иҷроияи ИДМ розигии худро барои иштирок додаанд.

Хароҷотҳо барои ин чорабинӣ 428 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд ва қарори марбут ба гузаронидани ин ҷорабинӣ аз тарафи Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ имзо шудааст.

Омодагиҳои Наврӯзӣ дар Душанбе


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед