Ru  | Tj
Руслан Мирзоев таъсиси Маркази зиддимухаддаротии СҲШ дар Душанберо муҳим ва саривақтӣ хонд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Руслан Мирзоев  таъсиси Маркази зиддимухаддаротии СҲШ дар Душанберо муҳим ва саривақтӣ хонд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Руслан Мирзоев таъсиси Маркази зиддимухаддаротии СҲШ дар Душанберо муҳим ва саривақтӣ хонд

Нашр шуд

Руслан Мирзоев, Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ нақши Тоҷикистонро дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир дар минтақа муҳим хонд.

Дафтари матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон хабар дод, ки дирӯз 3-юми август роҳбари ин ниҳод Ҳабибулло Воҳидзода дар Душанбе бо Директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай Руслан Мирзоев мулоқот кард.

Дар ин дидор тарафҳо самтҳои ҳамкории мутақобил дар доираи ваколатҳои идориро баррасӣ намуданд.

Манбаъ меафзояд, Руслан Мирзоев пас аз ошноӣ бо фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовар таъкид доштааст, ки нақши Тоҷикистон дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар минтақа муҳим мебошад.

Вай ҳамчунин ба фаъолияти Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президент баҳои баланд додаву онро дар раванди мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир муҳим ва ҳадафрас унвон кардааст ва ташаббуси Тоҷикистон дар хусуси таъсиси Маркази зиддимухаддаротии СҲШ дар Душанберо муҳим ва саривақтӣ номидааст.

Бояд гуфт, ки Директори тозамансуби Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дошта, қалбан бо дигар мақомҳои расмии Тоҷикистон, аз ҷумла Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дидору гуфтугӯ карда буд.


Ифтитоҳи маркази фарҳангию маърифатии русӣ дар Турсунзода


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед