Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти соҳаи маорифи пойтахт изҳори норозигӣ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти соҳаи маорифи пойтахт изҳори норозигӣ кард
Акс: Интернет

Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти соҳаи маорифи пойтахт изҳори норозигӣ кард

Нашр шуд

Бо дастури Рустами Эмомалӣ барои хонандагони пойтахт ду озмуни сатҳи шаҳрӣ роҳандозӣ мегардад.

Тавре Маркази матбуоти шаҳрдорӣ иттилоъ медиҳад, рӯзи гузашта Рустами Эмомалӣ зимни  ироаи гузориши солонаи худ дар ҷаласаи ҳукумати шаҳри Душанбе қайд намудааст, бо вуҷуди фароҳам будани шароити мусоид ва таваҷҷӯҳу дастгириҳои Сарвари давлат ва мақомот дар соҳаи маорифи пойтахт ҳанӯз камбудиҳо ҷой доранд.

Ба таъкиди манбаъ, шаҳрдори пойтахт ба масъулини сохторҳои марбута амр додааст, ки барои такмили сатҳи касбии омӯзгорон ва бедор шудани завқу рағбати хонандагон нисбат ба фанҳои дақиқ, табиӣ, риёзӣ ва забонҳои хориҷӣ чораҷӯӣ намоянд ва ҷиҳати бартараф кардани камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа тадбирҳои лозимаро амалӣ намоянд.

Раиси шаҳр пешниҳод намудааст, ки шурӯъ аз соли 2022  дар байни хонандагони пойтахт озмунҳои "Забон донӣ – ҷаҳон донӣ"  ва «Тоҷи сари ҷумла ҳунарҳост илм" ( аз рӯйи илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ) ба роҳ монда шаванд.

Хотиррасон менамоем, ки дар солҳои 2019-2021 дар маҷмӯъ 80 дарсади хонандагони мактабҳои миёнаи пойтахти мамлакат ба муассисаҳои олӣ дохил шудаанд. 

Дар соли 2021 хонандагони шаҳри Душанбе дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ 773 медалро соҳиб шудаанд.


Дар Суғд оилаи беҳтарин соҳиби диплом ва мукофоти пулӣ гардид




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед