Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон рафт. Душанбеву Нур-Султон бародаршаҳр шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон рафт. Душанбеву Нур-Султон бародаршаҳр шуданд
Акс: ASIA-Plus

Рустами Эмомалӣ ба Қазоқистон рафт. Душанбеву Нур-Султон бародаршаҳр шуданд

Нашр шуд

Рустами Эмомалӣ дар чорчӯби сафари расмияш дар Қазоқистон бо шаҳрдори Нур-Султон мулоқот кард.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон дар доираи сафари расмии худ ба Қазоқистон бо Алтай Кулгинов, Ҳокими шаҳри Нур-Султон дидору гуфтугӯ анҷом дод.

Рустами Эмомалӣ дар ин мулоқот бо тавсиф аз рушди босуръати шаҳри Нур-Султон гуфт, ки тақвияти равобит дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ, қабл аз ҳама пойтахтҳо, муносиботи байнидавлатиро қавитар мегардонад.

Манбаъ меафзояд, дар ин дидор тарафайн ба масъалаҳои табодули таҷрибаи идораи хоҷагидории шаҳрӣ, инфрасохтори нақлиёт, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин рушди ҳамкории иқтисодӣ дар самти тиҷорат, саноат, сайёҳӣ, фарҳанг ва варзиш таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Ҳамчунин, Рустами Эмомалӣ бо ишора ба фазои барои соҳибкорӣ мусоиди пойтахти Тоҷикистон иброз доштааст, ки Душанбе барои ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо соҳибкорону ширкатҳои ҳавасманди Қазоқистон омода аст.

Дар поёни мулоқот Рустами Эмомалӣ ва Алтай Кулгинов дар бобати барқарор намудани муносибати бародаршаҳрӣ миёни Душанбе ва Нур-Султон ёддошти тафоҳум имзо кардаанд.

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ 23-юми сентябр бо як сафари расмӣ ба Қазоқистон рафта буд. Дар ҷараёни ин сафар вай дар мулоқоти васеи ҳайатҳои Маҷлиси миллии Тоҷикистон ва Сенати Парламенти Қазоқистон ширкат намуд ва ҳамчунин аз Пажӯҳишгоҳи тадқиқотиву лоиҳакашии «Астана Генплан» ва Маркази мониторинг ва вокуниши фаврии «iKOMEK»-и Нур-Султон дидан кард.

Эмомалӣ Раҳмон ба Туркманистон рафт. Кишварҳо санадҳои нави ҳамкориро ба имзо мерасонанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед