Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ ба панҷ ҳазор сокини ниёзманди пойтахт кӯмаки моддӣ расонид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ ба панҷ ҳазор сокини ниёзманди пойтахт кӯмаки моддӣ расонид
Акс: Интернет

Рустами Эмомалӣ ба панҷ ҳазор сокини ниёзманди пойтахт кӯмаки моддӣ расонид

Нашр шуд

Дар арафаи таҷлил аз 31-умин солгарди Истиқлол шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба панҷ ҳазор нафар сокини ниёзманди пойтахти кишвар кӯмакҳои пулию моддӣ расонид.

Шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст, ки ин иқдом бо қарори махсуси Рустами Эмомалӣ амалӣ гардида, тибқи он ба панҷ ҳазор ниёзманд, аз ҷумла, иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, ятимони кулли муассисаи давлатии таҳсилотӣ барои кӯдакони ятим ва бепарастор, инчунин кормандони муассисаҳои роҳсозии шаҳри Душанбе кӯмак расонида шудааст.

Манбаъ гуфтааст, бар асоси ин қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳамчунин раисони ноҳияҳои пойтахт муваззаф гардидаанд, ки дар арафаи таҷлили ҷашни Истиклоли давлатӣ ҷиҳати расонидани кӯмаки моддӣ ба ятимону бепарасторон ва шахсони яккаву танҳо тадбирҳо андешанд.

Бояд гуфт, ки ҳамасола дар арафаи ҷашнҳои бузурги давлативу миллӣ шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба табақаҳои ниёзманд кӯмак ироа менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон ба 200 нафар мукофот ва унвону ҷоиза тақдим кард



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед