Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмаки молиявӣ мерасонад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмаки молиявӣ мерасонад
Акс: Интернет

Рустами Эмомалӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмаки молиявӣ мерасонад

Нашр шуд

Рӯзи 4-уми май раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба ифтихори 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба қарор дар бораи расонидани кӯмаки яквақтаи молиявӣ ба собиқадоронро имзо кард. Ин кӯмак ба муносибати 76-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ расонида мешавад.

Дар робита ба ин муовинони расиони ноҳияҳои пойтахт вазифадор шуданд, ки то 6-уми май кӯмакҳоро ба шахсони дар боло зикршуда расонанд.

Инчунин ба 310 нафар маъюбони ҷанги Афғонистон, маъюбони рафъи садамаи нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил, шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Дуюми Ҷаҳон дар ақибгоҳ ордену медалҳои СССР-ро гирифтаанд ва ҳамчунин оилаҳои ҳалокшудагон дар Душанбе ҳангоми барқароркунии сохти конститутсионии кишвар ба ҳар кадоме 800 сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Дар маҷмӯъ, барои дастгирии шахсони дар боло зикршуда бештар аз 316 ҳазору 200 сомонӣ ҷудо карда шудааст.


Аъзоёни СААД пешниҳоди Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории ҷаласа дар Тоҷикистонро пазируфтанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед