Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ барои гузаронидани мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштин 2 миллион сомонӣ ҷудо кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ барои гузаронидани мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштин 2 миллион сомонӣ ҷудо кард
Акс: TajikPress

Рустами Эмомалӣ барои гузаронидани мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гуштин 2 миллион сомонӣ ҷудо кард

Нашр шуд

Мусобиқаи мазкур бахшида ба таҷлили Наврӯз баргузор мегардад.

Тавре "Азия-плюс" иттилоъ медиҳад, Раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани мусобиқаи байналмилалӣ оид ба "Гуштингирӣ" байни мардону занон барои дарёфти Ҷоми Душанбе 2 миллион сомонӣ ҷудо кардааст.

Таъкид мегардад, ки мусобиқаи болозикр аз 17-ум то 22-уми март дар муассисаи давлатии "Наврӯзгоҳ" баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ин 3-юмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба "Гуштингирӣ" барои дарёфти Ҷоми пойтахт буда, ҳадафи асосии чорабинӣ рушди варзиш ва оммавӣ намудани он аст.

Ёдрас мешавем, ки соли гузашта дар 2-юмин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба "Гуштингирӣ" варзишгарони 13 кишвари дунё, аз ҷумла Белорус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Тоҷикистон, Туркия, Украина, Ӯзбекистон, Фаластин, Ҳиндустон ва Эрон ширкат дошта буданд.


Варзишгарбонуи русу паҳлавонони тоҷик. Ғолибони мусобиқаи байналмилалии куштии миллӣ муайян шуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед