Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ бо як сафари расмӣ ба Озарбойҷон рафт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ бо  як сафари расмӣ ба Озарбойҷон рафт
Акс: ASIA-Plus

Рустами Эмомалӣ бо як сафари расмӣ ба Озарбойҷон рафт

Нашр шуд

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон бо як сафари расмӣ ба Боку, пойтахти Озарбойҷон рафт. 

Ба иттилои Маҷлиси миллӣ, Рустами Эмомалӣ, Раиси шаҳри Душанбе ва ҳамзамон Раиси палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон имрӯз барои анҷоми як сафари расмӣ ба Озарбойҷон рафт. 

Хабарнигории “Азертадж” навиштааст, ки Рустами Эмомалиро дар майдони ҳавоии Боку ба номи Ҳайдар Алиев, ки бо парчамҳои Тоҷикистону Озарбойҷон оро дода шуда буд, муовини Раиси Маҷлиси миллии ин кишвар, Сафири Тоҷикистон дар Боку ва дигар мақомҳои расмӣ истиқбол гирифтаанд. 

Ин нахустин сафари  хориҷии Рустами Эмомалӣ дар соли ҷорӣ мебошад ва дар ин сафар Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистонро  раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Тоҷикистону Озарбойҷон равобити хуби гуногунарса доранд. Миёни парлумонҳои ду кишвар гурӯҳи дўстӣ таъсис дода шудааст. 

Қаблан Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Маҳмадтоҳир Зокирзода гуфта буд, ки Тоҷикистону Озарбойҷон дорои манофеи муштараки сиёсӣ ҳастанд ва Душанбе ба тавсеаи ҳамкорӣ бо Боку таваҷҷуҳи вижа ва доимӣ дорад. 


Раҳмон фаъолияти ташкилотҳои қарзии вилояти Хатлонро ғайриқаноатбахш арзёбӣ намуд





Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед