Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ дар Алма-Ато бо Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон дидор намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ дар Алма-Ато бо Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон дидор намуд
Акс: Интернет

Рустами Эмомалӣ дар Алма-Ато бо Раиси Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон дидор намуд

Нашр шуд

Музокирот байни ҳайатҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон рӯзи 29-уми март ба вуқӯъ пайваст.

Тавре Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ хабар медиҳад, имрӯз Рустами Эмомалӣ дар доираи сафари корӣ ба Қазоқистон бо Раиси Сенати Парлумони ин кишвар Маулен Ашимбаев мулоқот намудааст.

Гуфта мешавад, дар вохӯрии ҷонибҳо вазъи феълӣ ва дурнамои тақвияти муносибатҳои мутақобила, аз қабили рушди робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди муҳокима қарор гирифтаанд.

Миёни ҷонибҳо перомуни масъалаи ҷашни 30-солагии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва оид ба таҳкими ҳамкории байнипарлумонии давлатҳои Иттиҳод мубодилаи афкор сурат гирифтааст.

Дар ҷараёни музокирот байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Парлумони Ҷумҳурии Қазоқистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Рустами Эмомалӣ ва Маулен Ашимбаев аз ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши иқтисод, фарҳанг ва иҷтимоъ хотиррасон шуда, таъкид доштаанд, ки ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соли гузашта 1,2 миллиард долларро ташкил намудааст.

Ёдрас мешавем, ки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва ҳайати парлумонии кишвар шоми 28-уми марти соли 2022 бо мақсади ширкат дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки ба муносибати 30-солагии ташкили созмони мазкур баргузор мегардад, ба Ҷумҳурии Қазоқистон сафари корӣ анҷом дод.


Сафорати Тоҷикистон дар ФР ба дидори ятимони “Алтуфево”-и шаҳри Москва рафт


 

 

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед