Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ дар Озарбойҷон бо Илҳом Алиев дидор намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ дар Озарбойҷон бо Илҳом Алиев дидор намуд
Акс: Интернет

Рустами Эмомалӣ дар Озарбойҷон бо Илҳом Алиев дидор намуд

Нашр шуд

Як рӯз қабл Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Боку бо Илҳом Алиев, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон дидор намуд.

 Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрии ҷонибҳо масъалаи саҳми муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардидааст.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд, ки бо мақсади рушди муносибатҳои минбаъдаи тиҷоратию иқтисодӣ, боло бурдани ҳаҷми гардиши дутарафаи молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Озарбойҷон Шӯрои машваратӣ таъсис дода шавад.

Ҳамчунин, дар вохӯрии Рустами Эмомалӣ ва Илҳом Алиев перомуни масоили тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, энергетика ва саноату кишоварзӣ, сайёҳӣ, фарҳангиву гуманитарӣ таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст.

Зимнан, таъкид шудааст, ки ба ифтихори таҷлили 30 соли барқароршавии робитаҳои дипломатӣ байни ду кишвар дар ноҳияи Шемах "Боғи дӯстии Тоҷикистон ва Озарбойҷон" сохта мешавад.

Ҷиҳати бунёди ин боғ аз Тоҷикистон ба Озарбойҷон зиёда аз 3000 ниҳолҳои дарахтони мевадиҳанда ва ба иқлими ин кишвар мутобиқ интиқол дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 3-юми марти соли 2022 Рустами Эмомалӣ, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе бо мақсади анҷом додани сафари расмӣ  ба  Ҷумҳурии Озарбойҷон  ташриф  сафар намуда буд.


Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати Парлумони Аврупо дидор намуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед