Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ дар Рӯзи омӯзгор ба муаллимони фаъоли пойтахт мукофотпулӣ дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ дар Рӯзи омӯзгор ба муаллимони фаъоли пойтахт мукофотпулӣ дод
Акс: Sputnik

Рустами Эмомалӣ дар Рӯзи омӯзгор ба муаллимони фаъоли пойтахт мукофотпулӣ дод

Нашр шуд

Шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ ба муносибати Рӯзи омӯзгор ба 79 муаллими макотиби миёнаи пойтахт мукофотпулӣ дод.

Ба иттилои Дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, рӯзи 2-юми октябр дар “Кохи Суруш”-и Душанбе ба муносибати Рӯзи омӯзгор чорабинии идона баргузор гардид ва Мавсума Муинӣ бо расонидани паёми табрики шаҳрдори пойтахт ин мукофтопулиҳоро ба 79 омӯзгор тақдим намуд.

Гуфта мешавад, шогирдони ҳар яке аз ин 79 муаллим, ки ҳар кадом бо мукофотпулӣ ба ҳаҷми се ҳазор сомонӣ ҳавасманд ва қадрдонӣ шудаанд, дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ба ҷойҳои ифтихорӣ сазовор гардидаанд ва ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа аст.

Манбаъ меафзояд, дар ин чорабинӣ ҳамчунин як гурӯҳ пешсафони соҳа бо Ифтихорномаи Раиси шаҳри Душанбе, нишони Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардидаанд.

Ҳамасола якшанбеи якуми моҳи октябр дар Тоҷикистон аз Рӯзи омӯзгор таҷлил карда мешавад.

Бар пояи омори расмӣ, давоми чор соли охир дар шаҳри Душанбе 29 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 22866 ҷои нишаст дар як баст ва 11 муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 2270 кӯдак бунёду азнавсозӣ ва аз таъмири куллӣ бароварда шудаанд, ки маблағи умумии онҳо 752 млн. 561 800 сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби Президент ба 120 нафар унвону ҷоиза ва мукофотҳои давлатӣ тақдим гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед