Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ: «Сифати хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ беҳбудиро тақозо дорад»

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ: «Сифати хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ беҳбудиро тақозо дорад»
Акс: Sputnik

Рустами Эмомалӣ: «Сифати хизматрасонии ширкатҳои мобилӣ беҳбудиро тақозо дорад»

Нашр шуд

Ба таъкиди Раиси шаҳри Душанбе дастгоҳҳою таҷҳизотҳои соҳаи алоқаи мобилӣ ниёзманди таҷдиду навсозӣ мебошанд.

Бино ба маълумоти Маркази матбуоти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, дар маҷлиси ҷамъбастии ҳокимияти пойтахт Рустами Эмомалӣ дар баробари баррасии масъалаи бахшҳо, ба соҳаи алоқаи мобилӣ низ диққати махсус равона  сохта, сатҳи хизматрасонии онҳоро заифу нуқсондор арзёбӣ намудааст.

Зимни ҷаласа раиси шаҳр таъкид доштааст, ки дар аксар ҳолат он имконоти хизматрасониҳое, ки дар рӯнамоиҳои (реклама) ширкатҳои мобилӣ инъикос меёбанд, ба воқеият мутобиқат намекунанд.

Дар робита ба мушкилоти мавҷуда дар соҳаи алоқа, Рустами Эмомалӣ ба директорони ширкатҳои мобилӣ дастури қатъӣ додааст, ки дар кӯтоҳтарин фурсат дастгоҳҳои кӯҳнаро бо таҷҳизоти наву замонавӣ мубаддал кунанд ва ҷиҳати боло бурдани сифати хизматрасонии алоқа ва интернет тадбирҳои лозимаро амалӣ намоянд.

Ёдрас мешавем, моҳи декабри соли гузашта Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи паём ба парлумон аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки аҳолӣ ҳамасола ба операторони мобилӣ, ки 90 дарсадашон  ширкатҳои ватанӣ нестанд, 3 миллиард сомонӣ пардохт мекунанд.



Рустами Эмомалӣ аз фаъолияти соҳаи маорифи пойтахт изҳори норозигӣ кард



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед