Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ: Тавонистем, ки тавонмандии футболи Осиёи Марказиро барқарор намоем

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ: Тавонистем, ки тавонмандии футболи Осиёи Марказиро барқарор намоем
Акс: Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ: Тавонистем, ки тавонмандии футболи Осиёи Марказиро барқарор намоем

Нашр шуд

Дар Душанбе таҳти раёсати Рустами Эмомалӣ Конгресси шашуми Ассотсиатстияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) баргузор гардид.

Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, 16-уми декабр дар Душанбе бо ҳузури намояндагони Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон ва Туркманистон Конгресси шашуми CAFA доир гашт.

Ин нишаст бо суханронии Рустами Эмомалӣ, Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон оғоз ёфт ва вай аз ҷумла таъкид дошт, ки соли 2021-ум барои CAFA соли муҳим буд.

Рустами Эмомалӣ гуфт, ки онҳо бо паси сар гузоштани мушкилоти пандемияи коронавирус тавонистанд як қатор мусобиқаҳо баргузор намуда, тавонмандии футболи Осиёи Марказиро барқарор намоянд.

Манбаъ меафзояд, дар ин нишаст ҳамчунин Меҳдии Тоҷ, ноиби роҳбари Конфедератсяи футболи Осиё ҳузур дошт ва ширкатдорон буҷаи молии CAFA барои соли ояндаро тасдиқ намуданд.

Бояд гуфт, ки Чемпионатҳои CAFA-2021 миёни наврасон (U-15) ва духтарони зери синни 17 (U-17) тобистон ва тирамоҳи имсол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуда буд. Гуфта мешавад, имсол низ CAFA дастикам ҳашт мусобиқа доир менамояд.

Аъзоёни СААД пешниҳоди Рустами Эмомалӣ дар бораи баргузории ҷаласа дар Тоҷикистонро пазируфтанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед