Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ ва ҳайати Бонки ҷаҳонӣ масоили обтаъминкунӣ ва корезӣ дар Душанберо муҳокима карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ ва ҳайати Бонки ҷаҳонӣ масоили обтаъминкунӣ ва корезӣ дар Душанберо муҳокима карданд
Акс: Smart City

Рустами Эмомалӣ ва ҳайати Бонки ҷаҳонӣ масоили обтаъминкунӣ ва корезӣ дар Душанберо муҳокима карданд

Нашр шуд

Шаҳрдори Душанбе ва ҳайати Бонки ҷаҳонӣ раванди иҷрои Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва корезии пойтахтро мусбат арзёбӣ карда, аз бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ гуфтанд.

Хадамоти матбуоти Раиси шаҳри Душанбе хабар дод, ки Рустами Эмомалӣ ҳайати Бонки ҷаҳониро бо раҳбарии Татяна Проскурякова, Директори минтақавии ин бонк дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои манбаъ, масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба дар самти обтаъминкунӣ ва корезӣ, инчунин рушди низоми рақамӣ дар пойтахти Тоҷикистон меҳвари аслии ин мулоқот буд.

Рустами Эмомалӣ ва Татяна Проскурякова ҷараёни иҷроиши Лоиҳаи обтаъминкунӣ ва корезии Душанберо, ки бо дастгирии Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад, мусбат арзёбӣ карданд.

Ҳамчунин дар ин дидор тарафҳо ба масъалаи боз ҳам боло бурдани сатҳу сифати таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи партовҳо табодули назар намуданд.

Манбаъ меафзояд, ки дар ин робита, масъалаи бунёди иншооти нави корезию обтозакунӣ бо иқтидори 500 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз ва сохтмони «Иншооти обтозакунии Варзоб» бо иқтидори 275 ҳазор метри мукааб дар як шабонарӯз муҳокима гардид.

Ҳамкориҳои шаҳрдории Душанбе ва Бонки ҷаҳонӣ дар самти татбиқи босамари лоиҳаҳои банақшагирифтаи Корхонаи воҳиди давлатии «Шаҳри ҳушманд» аз дигар мавзӯи ин мулоқот буд.

Дар ин дидор ҳамчунин Татяна Проскурякова Озан Севимлиро ба ҳайси намояндаи нави Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон муаррифӣ кард.

Бояд гуфт, ки лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корези шаҳри Душанбе» бар асоси як созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ амалӣ мешавад. Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2020 оғоз ёфта буд ва он то охири соли 2024 бояд ба анҷом бирасад. Гуфта мешавад, дар сурати саривақт амалӣ гаштани лоиҳа беш аз 120 ҳазор нафар аҳолии ноҳияи Синои пойтахт аз хизматрасонии беҳтаркардашудаи таъминоти об ва корезӣ баҳра мебаранд ва дар ин баробар талафоти оби нӯшокӣ ва шумораи садамаҳо коҳиш меёбад. Маблағи умумии лоиҳа 32 миллион доллари амрикоӣ аст, ки 30 миллион доллари он гранти Бонки ҷаҳонӣ ва 2 миллион доллар саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад.

Бонки Ҷаҳонӣ коҳиши 14% -и интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатиро пешбинӣ мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед