Ru  | Tj
Рустами Эмомалӣ ва Сафири Британияи Кабир густариши ҳамкорӣ ва таҳкими марзро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Рустами Эмомалӣ ва Сафири Британияи Кабир густариши ҳамкорӣ ва таҳкими марзро баррасӣ карданд
Акс: TajWeek.tj

Рустами Эмомалӣ ва Сафири Британияи Кабир густариши ҳамкорӣ ва таҳкими марзро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Рустами Эмомалӣ бо Сафири Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Душанбе мулоқот ва масоили густариши равобити ду кишварро баррасӣ кард.

Котиботи Маҷлиси миллӣ хабар дод, ки дирӯз Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс, сафири тозатаъини Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Душанбе дидору гуфтугӯ кард.

Манбаъ мегӯяд, Рустами Эмомалӣ дар ин мулоқот ҳамкории байнипарлумониро абзори муассир дар рушди равобити ду кишвар унвон карда, таъкид дошт, ки дар ин росто таҳкими робитаҳои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллӣ бо палатаи болоии парлумони Британия муҳим мебошад.

Гуфта мешавад, масъалаи таҳкими сарҳади давлатии Тоҷикистон дар пасманзари ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистони ҳамсоя аз дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи Рустами Эмомалӣ ва Маршалл Ҷонс буд.

Раиси Маҷлиси миллӣ ва Сафири Британия ҳамчунин дар бобати густариши ҳамкории тарафҳо дар заминаҳои иқтисоду сармоягузорӣ ва илму маориф табодули афкор карданд.

Бояд гуфт, ки муносиботи дипломатӣ миёни Тоҷикистону Британияи Кабир соли 1992 роҳандозӣ гардида, соли 2001 Сафорати Шоҳигарии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Душанбе ва соли 2008 Сафорати Тоҷикистон дар Лондон ифтитоҳ ёфтааст.

Тимоти Айдан Маршалл Ҷонс моҳи августи имсол сафири кишвараш дар Тоҷикистон мансуб шуда буд ва дар ин мақом Мэтю Лоусонро иваз кард.

Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо сафири Русия дар Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед