Ru  | Tj
Сӯҳбати Раҳмону Путин ва изҳори омодагии Русия барои расонидани кӯмакҳои лозим ба Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сӯҳбати Раҳмону Путин ва изҳори омодагии Русия барои расонидани кӯмакҳои лозим ба Тоҷикистон
Акс: ASIA-Plus

Сӯҳбати Раҳмону Путин ва изҳори омодагии Русия барои расонидани кӯмакҳои лозим ба Тоҷикистон

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин ташаннуҷи авзоъ дар марзи Афғонистонро баррасӣ карданд, - хабар медиҳад хадамоти матбуоти Кремл.

Ба иттилои манбаъ, Президентҳои Русия ва Тоҷикистон зимни як гуфтугӯи телефонӣ дирӯз ба таври муфассал вазъияти мураккаб дар сарҳади Тоҷикистон ва Афғонистонро мавриди муҳокима қарор доданд.

Владимир Путин такъид дошт, ки Русия омода аст ба Тоҷикистон, чи дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва чӣ дар чаҳорчӯби Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, кӯмакҳои зарурӣ расонад.

Дафтари матбуоти Президенти Тоҷикистон хабар дод, ки дар ин гуфтугӯ ҳамчунин расонидани ёрии моддию техникӣ ва кӯмак ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон баррасӣ шудааст.

Дар ҷараёни суҳбат тарафайн ба рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Россия изҳори омодагӣ кардаанд.

Дирӯз Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо ҳамтоёни қазоқу ӯзбеки худ - Қосим-Жомарт Токаев ва Шавкат Мирзиёев гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода буд, ки дар онҳо низ вазъ дар хати сарҳад бо Афғонистон хеле пуршиддат арзёбӣ карда шуд ва Президентҳо вазъияти ташвишовар дар кишвари ҳамсоя, бахусус дар вилоятҳои шимолӣ ва шимолу шарқии онро муҳокима карданд.

Давоми як моҳи ахир вазъият дар минтақаҳои бо Тоҷикистон ҳамсарҳади Афғонистон нигаронкунанда боқӣ монда, ҷангиёни ҳаракати Толибон* (мамнуъ дар Тоҷикистон) чандин манотиқи ҳаммарз бо кишвари моро таҳти тасарруфи худ даровардаанд ва шумори низомиёни аз дасти Толибон фирорнамудаи кишвари ҳамсоя ба мамлакати мо ба беш аз 1580 нафар расидааст.

Кӯмаки Қазоқистон ба Тоҷикистон бо таҷҳизотҳои тиббӣ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед