Ru  | Tj
Сӯҳбати телефонии президентҳо дар рӯзи иди Фитр

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сӯҳбати телефонии президентҳо дар рӯзи иди Фитр
Акс: Интернет

Сӯҳбати телефонии президентҳо дар рӯзи иди Фитр

Нашр шуд

Рӯзи 13-уми май Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев сӯҳбати телефонӣ намудаанд.

Дар ин сӯҳбат рушд додан ва тақвият бахшидани ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳамчун шарикии стратегӣ мавриди гуфтугӯи ҷонибҳо қарор гирифтааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки нахуст президентҳо ҳамдигарро ба муносибати иди Фитр табрик гуфта, барои боз ҳам қавитар гардидани ҳамкориҳо дар шакли амалӣ дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ, ки баргузориашон дар ояндаи наздик ба нақша гирифта шудааст, изҳори итминон намудаанд.

Бояд гуфт, ки дар рафти сӯҳбат ҳамчунин масъалаҳои алоҳидаи мубрами минтақавӣ ва байналмилалии мавриди таваҷҷуҳи тарафайн муҳокима гардидааст.

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Владимир Путин

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед