Ru  | Tj
Сӣ Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сӣ Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад
Акс: аз манбаъҳои боз

Сӣ Ҷинпин бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон омад

Нашр шуд

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин  бо сафари давлатии серӯза вориди Тоҷикистон шуд.

Дар фурудгоҳи Душанбе Сӣ Ҷинпинро бо нишони эҳтироми баланд, шахсан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гарму самимӣ истиқбол гирифт.

Дар ин бора хадамоти матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.

Барои истиқбол роҳрави сурх густурда шуда, афсарони горди фахрӣ аз ду тарафи роҳрав саф оростанд.

Зикр мешавад, ки сафари давлатии Сӣ Ҷинпин дар Тоҷикистон аз 4 то 6 июл идома ёфта, зимни он мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Чин, имзои чанд санади нави ҳамкорӣ ва чорабиниҳои дигари муҳим дар назар аст.

Аз ҷумла интизор аст, ки  рӯзи 5  июл бо ҳузури  Эмомалӣ Раҳмон ва Сӣ Ҷинпин бинои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ шавад.

Бояд гуфт, ки бинои нави ҳукумат ва парлумони Тоҷикистон бо маблағгузории Чин сохта шуда, Пекин  барои сохтмони ин биноҳо 1,5 млрд юан (беш аз 200 млн доллар) кумаки бебозгашт ҷудо карда буд.

Аз сӯи дигар чанде пеш дар шаҳри Душанбе ҳамоиши тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин бо иштироки доираҳои соҳибкорону сармоягузорон ва ҳайатҳои давлатии ду кишвар баргузор гардид.

Дар ин ҳамоиш санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла сохтмони корхонаи ғанисозии маъдани оҳан дар кони «Шоҳқадамбулоқ», таъмин ва насби таҷҳизот дар сохтмони Варзишгоҳи шаҳри Душанбе, таъмини электромобилҳо барои хизматрасонии таксӣ дар шаҳри Душанбе, қарз барои хариди техникаи махсус ва таҷҳизоти истеҳсолӣ, коркарди сангҳои ороишӣ, сохтмони маркази логистикӣ, сохтмони заводи металургии «Талко Голд» ба маблағи беш аз 6 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд.

Гуфта мешавад, ки феълан дар Тоҷикистон беш аз 700 ширкат бо сармояи чинӣ фаъолият дошта, ҳаҷми сармояи чинӣ ба иқтисодиёти миллии Тоҷикистон дар даҳ соли охир беш аз 3,8 миллиард долларро ташкил медиҳад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед