Ru  | Tj
СААД Душанбеву Бишкекро ба сулҳ даъват кард. Музокироти дар Исфара идома дорад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

СААД Душанбеву Бишкекро ба сулҳ даъват кард. Музокироти дар Исфара идома дорад
Акс: Inbusiness.kz

СААД Душанбеву Бишкекро ба сулҳ даъват кард. Музокироти дар Исфара идома дорад

Нашр шуд

Дабири кулли СААД бо котибони Шӯроҳои амнияти Тоҷикистону Қирғизистон тамоси телефонӣ анҷом дод ва аз тарафҳо хост, то низоъ дар марзро сари мизи музокирот ҳал намоянд.

Ба гузориши Sputnik, Станислав Зас дишаб дар пайи сар задани муноқишаҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо Насрулло Маҳмудзода ва Марат Имонқулов, котибони Шӯроҳои амнияти ду кишвар гуфтугӯи телефонӣ анҷом дода, аз онҳо даъват намудааст, ки тирпаронӣ дар марзро фавран қатъ кунанд.

Манбаъ мегӯяд, Зас таъкид доштааст, ки дигарбора сар задани даргириҳо дар марзи ду кишвар ва захмиву ккушта шудани одамон мавриди нигаронии ҷиддии ин созмон қарор гирифтааст ва СААд омода аст, ки ба Душанбеву Бишкек ҷиҳати дарёфти роҳҳали ин низоъ мусоидат намояд.

Ин дар ҳолест, ки ба навиштаи расонаҳо айни замон дар шаҳри Исфара ҳайатҳои ду кишвар ҷиҳати баррасии муноқишаҳо дар марз сари мизи музокирот нишастаанд.

ҲайатиТоҷикистонро дар ин мулоқот Раҷаблӣ Раҳмонзода, Сардори Қушунҳои сарҳадӣ ва тарафи Қирғизистонро Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи амниятии миллии ин кишвар роҳбарӣ мекунад.

Sputnik навиштааст, ки Раҷабалӣ Раҳмонзода дар ин музокирот гуфтааст, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори сулҳу субот ва таъмини амният дар хати марз аст.


Зас: Кори СААД дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон идома дорад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед