Ru  | Tj
Сабаби қимматшавии чиптаҳои ҳавопаймоӣ

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сабаби қимматшавии чиптаҳои ҳавопаймоӣ
Расм аз Somon air

Сабаби қимматшавии чиптаҳои ҳавопаймоӣ

Нашр шуд

Мудири ширкати "Сомон Эйр" Томас Ҳаллам иллати боло рафтани нархи чиптаи ҳавопаймоӣ барои парвозҳои чартериро шарҳ дод. 

Ба гуфтаи мудири ширкати "Сомон Эйр", ин қимат шомили ҳақи хадамот, баҳои сӯхт, таъмири ҳавопаймо, ҳуқуқи кормандон ва молиёт мешавад, аммо имсол ба далели густариши вируси корона ба ин авориз ҳазинаи хариди либоси ҳифозатӣ барои халабонон ва меҳмондорон, зиддиуфунӣ кардани дохили ҳавопаймо ва коҳиши сандалиҳо барои риояти фосила ва муқаррароти беҳдоштӣ изофа шуда, ки рӯи қимати билет таъсир мегузорад.

Бар асоси ин гузориш, нархи чиптаи парвозҳои чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон 395 евро муқаррар шуд, ки дар муқоиса бо даврони қабл аз ҳамагирии COVID - 19 ду баробар афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин бинобар эъломи "Сомон Эйр", ин ширкат маҷбур шуд 90 дарсад аз кормандони худро ба далели коҳиши шадиди теъдоди парвозҳо ба мурраххасӣ бидуни ҳуқуқ бифиристад, ки аз моҳи июли гузашта ин афрод дубора сари кори хеш ҳозир шуданд.

Аз 20 - уми март то охирҳои октябри имсол, ширкати мазкур танҳо  416 парвоз барои хориҷ кардани шаҳрвандони бекоршудаи Тоҷикистон аз 10 кишвари хориҷӣ анҷом додааст. Дар маҷмӯъ теъдоди мусофирон ҳамагӣ 76 978 нафар будааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед