Ru  | Tj
Сабри ҷамил ва шифои комил. Сарвари давлат ба Эрдуғон ва мардуми турк ҳамдардӣ изҳор кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сабри ҷамил ва шифои комил. Сарвари давлат ба Эрдуғон ва мардуми турк ҳамдардӣ изҳор кард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Сабри ҷамил ва шифои комил. Сарвари давлат ба Эрдуғон ва мардуми турк ҳамдардӣ изҳор кард

Нашр шуд

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҷаб Таййиб Эрдуғон, ҳамтои турки худ паёми таслият ирсол кард.

Хадамоти матбуоти Сарвари давлат хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба обхезии шадид дар минтақаҳои наздисоҳилии Баҳри Сиёҳ дар Туркия, ки хисороти молию ҷонии зиёд дар пай дошт, бо ирсоли паёме ба Президент ва мардуми ин кишвар изҳори ҳамдардӣ баён намуд.

“Дар ин зимн, ҳамдардиву тасаллиёти самимии ин ҷонибро ба мардуми дӯсти Туркия иброз дошта, ба аҳли пайвандону наздикони қурбониёни ин офати табиии фоҷеабор сабри ҷамил ва барои ҳамаи осебдидагон шифои комил хоҳонам”, - омадааст дар паёми таслияти Эмомалӣ Раҳмон.

Лозим ба зикр аст, ки дар пайи обхезии шадиди ахир дар Туркия 77 шаҳрванди ин кишвар ҷон бохтанд ва ин офат хисороти молии зиёде ворид кад.

Аз ҳама бештар вилоятҳои Синоп, Бартин, Қарабук ва Кастамону аз обхези зарар дидаанд.

Интизор меравад, ки дар моҳҳои оянда Эрдуғон бо як сафари расмӣ вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон шавад.



Раҳмон ва Путин ҳифзи марзи Тоҷикистон ва мусоидат ба ҳалли қазияи Афғонистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед