Ru  | Tj
Сабти 89 ҳолати нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва расонаҳо тайи ним сол дар Афғонистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сабти 89 ҳолати нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва расонаҳо тайи ним сол дар Афғонистон
Акс: аз манбаъҳои боз

Сабти 89 ҳолати нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва расонаҳо тайи ним сол дар Афғонистон

Нашр шуд

Маркази хабарнигорони Афғонистон мегӯяд, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ 89 мавриди нақзи ҳуқуқи хабарнигорон ва расонаҳои хабарӣ аз сӯи Толибон* дар вилоятҳои мухталифи ин кишварро сабт кард.

Ин ниҳод 18 июл гузорише мунташир кард ва гуфт, аз рӯйдодҳои сабтшуда 60 мавриди таҳдид ба хабарнигорон ва масъулони расонаҳо ва 29 мавриди боздошти хабарнигоронро дар бар мегирад. Дар ин бора сомонаи etilaatroz.com хабар дод.

Бар асоси ин гузоришҳо, Толибон* фаъолияти дастикам ҳафт расонаро муваққатан ва ба таври доимӣ мутаваққиф кардаанд.

Ин созмон афзуд, ки дар ин муддат фаъолияти ду шабакаи телевизионӣ дар Кобул, ду радио дар Ғазнӣ, як радио дар Лағмон, як радио дар Парвон ва як радио дар Хуст аз сӯи Толибон* мутаваққиф шудаанд.

Маркази рӯзноманигорони Афғонистон мегӯяд, ки аз ин миён се радиои маҳаллӣ муваққатан масдуд шуд, вале то ҳол ду телевизион ва ду радио иҷозаи фаъолият надоранд.

Бар асоси гузориши ин марказ, аз миёни хабарнигороне, ки дар шаш моҳи ахир боздошт шудаанд, як хабарнигор то ҳол дар зиндони Толибон* аст.

Маркази мазкур гуфтааст, ки пажӯҳишҳои шашмоҳааш нишон медиҳад, ки дар ин муддат назорати муҳтавои расонаҳои хусусӣ ва озод аз сӯи Толибон* афзоиш ёфтааст.

Бар асоси гузориши ин марказ, мизони маҳдудиятҳо барои расонаҳо дар Кобул камтар аст, аммо дар вилоятҳо, ба хусус дар ҷанубу шарқ, расонаҳо ба далели бознашри муҳтавои барномаҳое, ки расонаҳои ғайримаҳаллӣ таҳия карда, дар он овози зан ҳаст ва ё мусиқӣ шунида мешавад, таҳдид шудаанд.

Ин созмон афзуд, рӯзноманигорони маҳаллӣ метавонанд танҳо рӯйдодҳоеро, ки аз ҷониби мақомоти маҳаллии Толибон* тасдиқ шудаанд, инъикос кунанд ва ин маҳдудият нашри мундариҷа дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва саҳифаи шахсии онҳоро низ дар бар мегирад.

Маркази рӯзноманигорони афғон гуфтааст, ки маҳдудиятҳои дастрасӣ ба иттилоот аз сӯи Толибон* низ ҷиддан татбиқ мешавад ва масъулони ин гурӯҳ дар бештари мавридҳо омода нестанд бо хабарнигорон сӯҳбат кунанд.

Ин ниҳод афзуд, ҳамкории рӯзноманигорони Афғонистон бо расонаҳои берун аз ин кишвар, “бахусус расонаҳои табъидӣ” иҷоза нест.

Бояд гуфт, ки аз замони дубора ба дасти Толибон* расидани Афғонистон, онҳо дар фаъолияти расонаҳо ва рӯзноманигорон маҳдудиятҳои густурда ҷорӣ карда, борҳо ба идораи расонаҳо ҳамла карда, хабарнигоронро боздошт кардаанд.

Аз ҷумла, Толибон* дар фаъолияти хабарнигорони зан маҳдудиятҳои шадид ҷорӣ карда, занҳои ровӣ дар телевизионро маҷбур кардаанд, ки ниқоби сиёҳ пӯшанд ва ҳатто дар бархе аз вилоятҳо нашри садои занонро тавассути расонаҳо манъ кардааст.


  *-созмони мамнуъ дар Тоҷикистон

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед