Ru  | Tj
Сабти номи ройгони телефонҳо барои истифодаи шахсӣ дар Тоҷикистон бекор шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сабти номи ройгони телефонҳо барои истифодаи шахсӣ дар Тоҷикистон бекор шуд
Акс: аз манбаъҳои боз

Сабти номи ройгони телефонҳо барои истифодаи шахсӣ дар Тоҷикистон бекор шуд

Нашр шуд

Дар Тоҷикистон аз ин пас ҳангоми ворид кардани телефонҳо ба ин кишвар 15 дарсад боҷи гумрукӣ ситонида мешавад. То кунун шаҳрвандони Тоҷикистон имкон доштанд рамзи IMEI-и як телефонро ройгон сабти ном кунанд.

Азим Турсунзода, муовини аввали раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон гуфт, ки дар ин кишвар расмиёти гумрукии имтиёзнок барои воридоти телефонҳо лағв шудааст. Вай дар ин бора имрӯз дар нишасти матбуотии Хадамоти гумрук изҳор дошт.

Ба гуфтаи вай, тартиби воридоти имтиёзноки телефонҳо аз 31 июли соли 2024, тибқи қарори ҳукумати Тоҷикистон лағв шудааст. Азим Турсунзода ҳамчунин афзуд, ки аз оғози сабти ҳатмии рамзи IMEI ба буҷаи Тоҷикистон беш аз 11 миллион доллар боҷи гумрукӣ ворид шудааст.

 «231 479 адад телефон бо арзиши гумрукии 80 миллион доллар тариқи расмиёти имтиёзнок ва комилан ройгон сабти ном шуд. Ҳамзамон 525 621 адад дастгоҳи телефон бо арзиши гумрукии 47,1 миллион доллар бе имтиёз ба қайд гирифта шуд», - афзуд Турсунзода.

Хотиррасон мекунем, ки қаблан ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон шаҳрвандон имкон доштанд як телефон барои истифодаи шахсиро ройгон сабти ном кунанд.

Ҳамакунун аз соҳибони телефонҳои мобилӣ ҳангоми ворид шудан ба қаламрави Тоҷикистон 15% арзиши телефон ҳамчун боҷи гумрукӣ ситонида мешавад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед