Ru  | Tj
Садамаи маргбори киштии тафреҳӣ дар Кӯли ҷавонони Душанбе

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Садамаи маргбори киштии тафреҳӣ дар Кӯли ҷавонони Душанбе
Акс: "Ховар"

Садамаи маргбори киштии тафреҳӣ дар Кӯли ҷавонони Душанбе

Нашр шуд

Сайру фароғати шабонаи ҷавонон дар Кӯли ҷавонон дар пойтахт бо фоҷеа анҷомид.

Киштии тафреҳие, ки гуруҳи ҷавонон савори он буданд ва дар Кӯли ҷавонон шино мекард, дучори садама шуд ва аз 7 нафар як нафари онҳо ҷон бохт.

Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, ҳодисаи мазкур шаби 21 август соати 23:37 рух додааст. Гуфта мешавад, ки як гуруҳи ҳафтнафараи ҷавонон савори киштии тафреҳӣ дар Кӯли ҷавонон дар Душанбе саргарми сайр буданд. Қаиқи тафреҳӣ бо суръати хеле баланд ҳаракат карда, ҳангоми гардиш мувозинатро гум ва чаппа мешавад ва сарнишинони он ҳамагӣ зери об мемонанд.

Дар ин ҳолат ба кормандони тарабхонаи «Latina-Dushanbe» муяссар мешавад, ки 6 нафар аз сарнишинони қаиқро наҷот диҳанд. Аммо мутаассифона, як сокини 26-солаи шаҳри Душанбе ба қаъри об рафт ва ғарқ мешавад.

Барои роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот имдодгарони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар шаҳри Душанбе соати 00:55 дақиқа ҷасади ҷавон пайдо ва ба кормандони милитсия супурда шуд. Дар айни замон мақомоти ҳифзи ҳуқуқ сабабҳои ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар 7 моҳи соли ҷорӣ дар обҳои Тоҷикистон 118 нафар ғарқ шуданд, ки 60 нафари онҳо бачаҳо ва наврасони то 17-сола буданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед