Ru  | Tj
Садир Ҷапаров: Барои ҳалли масъалаи марз ҳар як қадам бояд санҷида гузошта шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Садир Ҷапаров: Барои ҳалли масъалаи марз ҳар як қадам бояд санҷида гузошта шавад
Акс: Интернет

Садир Ҷапаров: Барои ҳалли масъалаи марз ҳар як қадам бояд санҷида гузошта шавад

Нашр шуд

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон, Садир Ҷапаров дар сомонаи расмии ҳукумат нисбат ба ташаббуси шаҳрвандони алоҳида оид ба муроҷиати онҳо ба Суди байналмиллалии ҷиноят ибрози андеша намуд.

Тибқи иттилои котиботи президенти Қирғизистон, иддае аз шаҳрвандони алоҳидаи ин кишвар тасмим гирифтаанд, то оид ба вазъияти дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистони рӯзҳои 28-30-уми апрел баамаломада, ба Суди байналмиллалии ҷиноят муроҷиат кунанд.

Ҷапаров ба ин гурӯҳ ашхос муроҷиат намуда, изҳор доштааст, ки дар ҳоли имрӯз масъалаи делимитатсия ва деморкатсияи миёни Тоҷикистону Қирғизистон танҳо бо роҳи сиёсӣ-дипломатӣ ҳалли худро меёбад.

"Дар вақти ҳозир комиссияи байнидавлатӣ оид ба делимитатсия ва деморкатсияи марзҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳалли ин масъала кор карда истодаанд ва кӯшиш доранд, мушкилот ба манфиати ҳарду ҷониб ҳал шавад",-илова намуд раисҷумҳури Қирғизистон.

Ба гуфти Ҷапаров, масъалаи марз ва раванди музокирот дар рӯҳияи сулҳ ҳал шуда истодааст. Ба назари ӯ қувваҳои алоҳида мехоҳанд муносибати тарафайнро дубора вайрон кунанд.

Ӯ ҳамчунин чунин илова намудааст: "Барои ҳалли масъалаи марз ҳар як қадам бояд санҷида гузошта шавад. Бар замми ин, чунин иқдоми шаҳрвандони алоҳида метавонад ба роҳи ҳалли сиёсӣ-дипломатии ин мушкилот халал эҷод созад".



Сокинони деҳаи Хоҷаи Аъло ва Сомониёни Исфара соҳиби хонаҳои нав мешаванд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед