Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
“Садои мардум”: Калонтарин корхонаи саноатии Бохтар аз фаъолият бозмонд
Нашр шуд
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” хабар дод, ки чанд моҳ боз бузургтарин корхонаи саноатии шаҳри Бохтар – ҶСК “Трансформатор” фаъолият надорад.
Ба навиштаи ин манбаъ, дар айни замон дар анбори ин корхонаи азими саноатӣ беш аз 290 тародеситор (трансформатор)-и тавлидшуда бе харидор аст.
Бино ба гуфтаи Афзал Юсуфзода, мудири шуъбаи иқтисод ва савдои ҳукумати шаҳри Бохтар, сабаб он аст, ки ҶСК “Барқи Тоҷик” шартномаро бо корхонаи ҶСК “Трансформатор” қатъ кард.
“То фаъол будани корхона маҷмӯъи маҳсулоти саноатии шаҳри Бохтар ҳар моҳ 120-130 дарсад иҷро мешуд. Мутаассифона, чанд моҳи охир ин нишондод 100-101 дарсад иҷро мегардад”, - афзудааст Афзал Юсуфзода.
Зикр мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли 2022 ҶСК “Трансформатор” ба маблағи 15 милёну 741 ҳазор сомонӣ маҳсулот тавлид карда буд. Аммо ин нишондиҳанда дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ то ба 7,4 милён сомонӣ кам шуд.
Ба гуфтаи Афзал Юсуфзода, ҶСК “Барқи Тоҷик” аз ҶСК “Трансформатор” 20,3 милён сомонӣ қарздор аст.
Аз сӯйи дигар Раҷабалӣ Бояков, роҳбари фаннии “Шабакаҳои тақсимоти барқ” дар шаҳри Бохтар зимни нишасти матбуотии ин ниҳод эътироф кардааст, ки ҶСК “Барқи Тоҷик” қарордодашро бо ҶСК “Трансформатор” қатъ кардааст, вале нагуфтааст, ки сабаби қатъи қарордод чист.
Номбурда гуфтааст, ки ҶСК “Трансформатор” аз “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-и шаҳри Бохтар 500 ҳазор сомонӣ қарздор аст.
“Аз рӯзе, ки ҶСК «Барқи Тоҷик» қарордодро бо ҶСК «Трансформатор» қатъ кард, ба «Шабакаҳои тақсимоти барқ»-и шаҳри Бохтар трансформатори нав ворид нагардидааст”, - гуфтааст Раҷабалӣ Бояков.
Гуфтанист, корхонаи "Трансформатор" дар шаҳри Бохтар замони шуравӣ яке аз азимтарин корхонаҳои тавлиди тародеситор (трансформатор)-ҳо дар Тоҷикистон буд, ки дар он беш аз ҳазор нафар кор мекард.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед