Ru  | Tj
Сафари расмии қарибулвуқуи Путин ба Душанбе дар дидори Лавров ва Сатторов баррасӣ шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафари расмии қарибулвуқуи Путин ба Душанбе дар дидори Лавров ва Сатторов баррасӣ шуд
Акс: Сафорати ҶТ дар Русия

Сафари расмии қарибулвуқуи Путин ба Душанбе дар дидори Лавров ва Сатторов баррасӣ шуд

Нашр шуд

Сергей Лавров сафири ҳамакнун собиқи Тоҷикистон дар ин кишвар Имомуддин Сатторовро дар иртибот ба поёни маъмурияти дипломатияш дар Маскав ба ҳузур пазируфт.

Ба иттилои Сафорати Тоҷикистон, дар суҳбати Лавров ва Сатторов, ки 11-уми август дар Маскав баргузор гардид, масоили муҳимми ҳамкориҳои дуҷониба мавриди муҳокима қарор гирифт.

Тарафҳо ҳамчунин сафари расмии қарибулвуқуи Владимир Путин, Президенти Федератсияи Русия ба Тоҷикистон, ки моҳи сентябр сурат хоҳад гирифт ва ҳам баргузории мулоқотҳои сарони давлатҳои СҲШ ва СААД дар шаҳри Душанберо баррасӣ карданд.

Манбаъ мегӯяд, ҳамчунин вазири рус аз саҳми Имомуддин Сатторов дар рушди равобити созандаи Душанбеву Маскав ситоиш кард.

Қаблан Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо судури фармоне Имомуддин Сатторовро аз мақоми Сафири Тоҷикистон дар Русия озод ва бо фармони дигар ба ин симмат Давлатшоҳ Гулмаҳмадзодаро таъин карда буд.

Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, ки ҳамакнун Сафорати Тоҷикистон дар Маскавро роҳбарӣ мекунад, то ин дам ҳамчун муовини Сарвазири Тоҷикистон фаъолият мекард.



Тоҷикистон ба Покистон пешниҳод кард, ки корхонаҳои муштараки нассоҷиву дорусозӣ таъсис диҳанд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед