Ru  | Tj
«Сафари ҳунарии лағвнашаванда»: Манижа Сангин бо барномаи консертӣ ба Душанбе меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

«Сафари ҳунарии лағвнашаванда»: Манижа Сангин бо барномаи консертӣ ба Душанбе меояд
Акс: Sputnik

«Сафари ҳунарии лағвнашаванда»: Манижа Сангин бо барномаи консертӣ ба Душанбе меояд

Нашр шуд

Манижа Сангин, иштирокчии озмуни байналмилалии мусиқии «Евровидение-2021» дар Душанбе барномаи ҳунарӣ иҷро менамояд.

Сомонаи расмии Манижаи Сангин хабар додааст, ки ин овозхон моҳи сентябри имсол ба «Сафари ҳунарии лағвнашаванда» мебарояд ва дар чандин кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон барномаи консертӣ баргузор мекунад.

Гуфта мешавад, дар доираи «Сафари ҳунарии лағвнашаванда» Манижа дар баробари Тоҷикистон ҳамчунин, ба кишварҳои Арманистон, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон меравад.

Манбаъ афзудааст, як қисми даромад аз ин консертҳо ба Бунёди SILSILA, ки Манижа ҳамроҳ бо модараш барои дастгирӣ ва ҳимояи одамони дар вазъияти душвор қарордошта таъсис додааст, ирсол мегардад.

"Ва инак хушхабар барои шумо: ман ба сафари ҳунарӣ мебароям! Ба «Сафари ҳунарии лағвнашаванда». Барои ҳар ҳунарманд саҳна ҳаёт аст. Ва расо пас аз як моҳ ин ҳаёт ниҳоят дубора ба ҷӯш меояд. Нахуст дар Ереван… Худоё, ман хеле дар ҳаяҷонам", — навиштааст, Манижа дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Facebook.

Манижа Сангини тоҷиктабор  соли гузашта дар озмуни мусиқии «Евровидение» ҳамчун намояндаи Русия ҳунарнамоӣ карда бо суруди «Russian Woman» аз рӯи натиҷаҳои овоздиҳӣ ба даҳгонаи беҳтаринҳо ворид шуда буд. Силсилабарномаи консертии худ дар кишварҳои гуногунро «Сафари ҳунарии лағвнашаванда» номидани Манижа ба ин сабаб аст, ки қаблан чандин барномаи вай дар шаҳрҳои мухталифи Русия, аз ҷумла Санкт- Петербург лағв гардида буд.

Манижа Сангин, сарояндаи тоҷиктабори Русия 30 сол дорад ва дар оғози соли равон ҳафтаномаи “Тоҷикистон”  ӯро  “Чеҳраи сол” интихоб карда буд.

Ҳайкалтарошони кишварҳои узви СҲШ дар Симпозиуми Самарқанд иштирок мекунанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед