Ru  | Tj
Сафир: Корхонаҳои дӯзандагии Русия омодаанд дӯзандаҳои тоҷикро ба кор ҷалб намоянд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафир: Корхонаҳои дӯзандагии Русия омодаанд дӯзандаҳои тоҷикро ба кор ҷалб намоянд
Акс: TajikPress

Сафир: Корхонаҳои дӯзандагии Русия омодаанд дӯзандаҳои тоҷикро ба кор ҷалб намоянд

Нашр шуд

Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфт, ки корхонаҳои дӯзандагии кишвараш омода ҳастанд, ки занҳои тоҷикро ба кор ҷалб намоянд.

Ба иттилои Вазорати меҳнат, ин матлабро Игор Лякин-Фролов, Сафири Русия дар Тоҷикистон дирӯз дар мулоқот бо Шаҳноза Нодирӣ, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон баён намуд.

Гуфта мешавад, Фролов ва Нодирӣ дар ин дидор перомуни масоили марбут ба танзими раванди муҳоҷират ва ҷалби муҳоҷирони меҳнаӣ барои кор дар қаламрави Русия гуфтугӯ намудаанд.

Нодирӣ афзудааст, ки айни замон портали “Кор дар Русия”-и Хадамоти федералии меҳнат ва шуғли Русия ва утоқи кории муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа”-и Тоҷикистон ба шаҳрвандон барои дарёфти кор дар ширкатҳои гуногуни Русия тариқи онлайн мусоидат менамоянд.

Ин мулоқот дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш Владимир Путин, Президенти Русия дар Санкт Петербург зимни мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки ба хотири ҳимоят аз иқтисоди Тоҷикистон ва шаҳрвандонаш масоили вобаста ба муҳоҷирати меҳнатиро ҳал менамояд.

Путин ҳамчунин гуфта буд, ки айни замон дар Русия ҳудуди як миллион шаҳрванди Тоҷикистон муваққатан кору зиндагӣ мекунанд.


Дар назди донишгоҳ дар шаҳри Хуҷанд маркази омӯзишӣ – таълимии дӯзандагӣ ифтитоҳ гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед