Ru  | Tj
Сафири Қатару Вазири кишоварзӣ ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва бунёди бинои нави Донишгоҳи аграриро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири Қатару Вазири кишоварзӣ ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва бунёди бинои нави Донишгоҳи аграриро баррасӣ карданд
Акс: Вазорати кишоварзии Тоҷикистон

Сафири Қатару Вазири кишоварзӣ ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва бунёди бинои нави Донишгоҳи аграриро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Да мулоқоти Сафири Қатар ва Вазири кишоварзӣ масъалаи ворид намудани таҷҳизоти муосир барои сохтани гамрхонаҳо ба Тоҷикистон ва бунёди бинои таълимии замонавӣ барои Донишгоҳи аграрӣ баррасӣ шуд.

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон хабар дод, ки 23-юми август Сулаймон Зиёзода бо Сафири Қатар дар Душанбе Иброҳим бин Муҳаммад ал-Абдулло мулоқот ва перомуни як саре аз масоили ҳамкории ду кишвар табодули афкор кард.

Ба иттилои манбаъ, тарафҳо ба масъалаҳои бо сармоягузории ҷониби Қатар ворид намудани таҷҳизоти муосир барои бунёди гармхонаҳои доимамалкунанда, воридоти нуриҳои минералӣ, заҳрхимикатҳо барои нест кардани ҳашароти зараррасон ва харидорӣ намудани модарзанбӯр бо мақсади афзоиши истеҳсоли асал ва содироти он ба Давлати Қатар таваҷҷӯҳ намуданд.

Ҳамчунин тарафҳо доир ба бунёди бинои нави таълимии муосир барои Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур табодули назар карданд.

Манбаъ афзуд, ки дар ин дидор инчунин Сафир ба Вазири тоҷик даъватномаи ширкат дар Намоишгоҳи байналмилалии ЭКСПО – ро, ки соли 2023 дар Давлати Қатар баргузор мегардад, супорид.

Бояд гуфт, ки Давлати Қатар яке аз аввалин кишварҳои арабист, ки ба Тоҷикистон сармоягузории мустақими хориҷӣ кардааст. Ба иттилои Вазорати хориҷӣ, то имрӯз ҳаҷми чунин сармоягузории Давлати Қатар ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 62 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин бунёди бузургтарин масҷид дар Осиёи Марказӣ дар Душанбе бо маблағгузории ҷониби Қатарро яке аз намунаҳои муваффақи ҳамкории байни ду кишвар ном мебаранл.



Таъсиси ширкати нав. “Шумон” мехоҳад сайёҳии дохилиро рушд диҳад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед