Ru  | Tj
Сафири Белорус ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон рафту бо донишҷӯён суҳбат кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири Белорус ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон рафту бо донишҷӯён суҳбат кард
Акс: БелТА

Сафири Белорус ба Донишгоҳи технологии Тоҷикистон рафту бо донишҷӯён суҳбат кард

Нашр шуд

Сафири Белорус дар Душанбе аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дидан кардаву бо донишҷӯёни ин муассисаи олии таълимӣ суҳбатҳо анҷом дод.

Ба гузориши Halva.tj, Виктор Денисенко, Сафири Белорус дар Душанбе аз Донишгоҳи технологии Тоҷикистон боздид кард ва бо ректори ин муассисаи олии таълимӣ Илҳом Амонзода мулоқот анҷом дод.

Саҳифаи расмии ин донишгоҳ дар Фейсбук хабар додааст, ки Денисенко ва Амонзода дар ин мулоқот масоили марбут ба тақвияти ҳамкориҳои илмиву таълимии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо муассисаҳои олиии Белорусро бар асоси созишномаҳои байниҳукуматӣ баррасӣ кардаанд.

Ҳамчунин, Виктор Денисенко бо донишҷӯёни факултети муштараки Донишгоҳи давлатии Полоски Белорус ва Донишгоҳи технологии Тоҷикистон вохӯрӣ ва суҳбат анҷом додааст.

Денисенко моҳи октябри соли гузашта фаъолияти дипломатияшро дар Душанбе оғоз карда буд. Тоҷикистону Белорус дар ҳамаи арсаҳо, аз ҷумла тиҷорату иқтисод ва илму фарҳанг равобити хуб доранд.

Президенти Белорус пас аз таъйин намудани Денисенко ба симмати сафири кишвараш дар Душанбе бо вай мулоқот анҷом додаву гуфта буд, ки Тоҷикистон на танҳо як кишвари дӯсти Белорус аст, балки ба замми ин, миёни сарони ду кишвар дӯстии устувор вуҷуд дорад.


Сафири тозамансуби Белорус дар Душанбе ба фаъолияти дипломатӣ шурӯъ кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед