Ru  | Tj
Сафири нави Чехия ба Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи худро супорид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири нави Чехия ба Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи худро супорид
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафири нави Чехия ба Ҳусейнзода нусхаи эътимодномаи худро супорид

Нашр шуд

Сафири тозамансуби Чехия дар Душанбе нусхаи эътимодномаи худро ба Музаффар Ҳусейнзода, муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супорид.

Ба иттилои Вазорати хориҷӣ, Ватслав Йилек, сафири нави Ҷумҳурии Чехия рӯзи сешанбеи 19-уми октябр нусхаи эътимодномаи худро ба Музаффар Ҳусейнзода таслим кард.

Манбаъ меафзояд, дар ин дидор тарафҳо ба тавсеаи ҳамкориҳои мутақобилан судманди Душанбеву Прага дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва гуманитарӣ изҳори алоқамандӣ намуданд.

Ҳусейнзода ва Йилек фаъол намудани абзорҳои ҳамкории дуҷонибаро, аз ҷумла фаъолияти Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи ҳамкории иқтисодиву саноатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Чехияро барои густариши равобит муҳим шумориданд.

Чехия яке аз шарикони муҳимми Тоҷикистон дар Аврупо дониста мешавад. Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2002, 2004 ва 2016 аз ин кишвар дидан кардааст. Миёни Тоҷикистону Чехия 13 санади дуҷонибаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, илму техника, тандурустӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ба имзо расидааст.

Сафири Қатару Вазири кишоварзӣ ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва бунёди бинои нави Донишгоҳи аграриро баррасӣ карданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед