Ru  | Tj
Сафири Русия гуфт, ки марзбонони кишвараш ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон барнамегарданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири Русия гуфт, ки марзбонони кишвараш ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон барнамегарданд
Акс: Интернет

Сафири Русия гуфт, ки марзбонони кишвараш ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон барнамегарданд

Нашр шуд

Сафири Русия дар Душанбе гуфтааст, ки айни замон масъалаи бозгашти марзбонони рус ба марзи Тоҷикистону Афғонистон баррасӣ намешавад.

Игор Лякин-Фролов, Сафири Русия дар Тоҷикистон  имрӯз дар як мусоҳибаи худ бо “ТАСС” аз ҷумла зикр намудааст, ки дар ҳоли ҳозир масъалаи бозгашти марзбонони рус  ба сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар барномаи рӯз нест.

Аммо дар ин баробар, Сафир таъкид доштааст, ки  барои таҳкими ҳифзи марзи Тоҷикистон пайваста тадбирҳои муштарак андешида мешаванд.

Лякин ҳамчунин вазъияти кунунӣ дар манотиқи марзии Тоҷикистон бо Афғонистон, дар ин пасманзар, ки дар он  кишвар созмонҳои гуногуни террористии байналмилалӣ мунтазам фаъолияти худро афзоиш медиҳанд, боиси нигаронӣ хондааст. 

Дипломати рус дар идома баëн доштааст, ки яке аз авлавиятҳои ҳамкории дуҷонибаи Душанбеву Маскав дар заминаи амният, таҳкими марзҳои ҷанубии Тоҷикистон мебошад.

Вай ҳамчунин аз имзо шудани созишнома миëни ду кишвар дар мавриди бунёди дидбонгоҳи марзӣ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки бо қаламрави Афғонистон ҳамсарҳад аст, ëдовар шудаву гуфтааст, ки барои сохтани ин дидбонгоҳ аз ҷониби Русия беш аз як миллион доллар ихтисос дода шудааст.

Бояд гуфт, ки ин суҳбати Сафир бо “ТАСС” ба муносибати сисолагии барқарории равобити дипломатӣ миëни Душанбеву Маскав нашр шудааст.

Имрӯз Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон низ бо ирсоли паëмҳои табрикӣ ҳамдигар ва мардумони ду кишварро ба муносибати сивумин солгарди барқарории равобити дипломатӣ табрик гуфта буданд.

Марзбонони рус то соли 2005-ум ҳимояти сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистонро ба ӯҳда доштанд. Аммо бар асоси созишномаи ду кишвар ва поён ёфтани замони ҳузур нерӯҳои русӣ дар соли 2005  аз марзи Тоҷикистон ва Афғонистон берун шуданд.



Зеландияи Нав ба кишоварзони Афғонистон зиёда аз 2 миллион доллар кӯмак мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед