Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири Русия куҳансолтарин иштирокдори Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистонро аёдат кард
Нашр шуд
Семён Григорев, сафири Русия дар Тоҷикистон рӯзи 6-уми феврал аз деҳаи Шаҳомбарии шаҳри Ҳисор боздид карда, дар ин русто бо собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокдори муҳорибаи Сталинград Рашид Каримови 110-сола мулоқот кард.
Тибқи иттилои сафорати Русия дар Тоҷикистон, дипломати рус Рашид Каримовро бо 80-солагии шикасти истилогарони фашистӣ аз ҷониби аскарони шӯравӣ дар муҳорибаи Сталинград табрик намуда, ба ӯ кумаки моддӣ расонд.
Ба навиштаи ин манбаъ, Рашид Каримов хотираҳои худ дар бораи чӣ тавр дар моҳи сентябри соли 1942 ба сафи Артиши Сурх даъват карданашро қисса кард. Бояд гуфт, ки Рашид Каримов дар муҳорибаи Сталинград иштирок карда, пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар Берлин истиқбол гирифт. Ин куҳнасарбози тоҷик дар давоми тамоми ҷанг ҳамчун аскари қаторӣ хидмат кард.
Дар идома гуфта мешавад, сафири Русия таъкид кард, ки дар Тоҷикистон ба саҳифаҳои таърихи муштараки ду кишвар бодиққат муносибат карда, ин хотираро ба фарзандону наберагон ва абераҳои худ мегузоранд ва Рашид Каримов беш аз сад набераву абера дорад.
Семён Григориев инчунин ба роҳбарияти Тоҷикистон ва Шӯрои ҷумҳуриявии собиқадорони ҷангу меҳнати ин кишвар, ҳукумати шаҳри Ҳисор барои таваҷҷуҳи зарурӣ ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ изҳори сипос намуд.
Бояд гуфт, ки сол то сол шумораи иштирокдорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон кам мешавад ва айни замон камтар аз 50 нафари онҳо боқӣ боқӣ мондааст, ки синнашон аз сад болост.
Қобили зикр аст, ки дар умум аз Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 290 ҳазор сарбозу афсар ширкат карданд, ки беш аз 100 ҳазор нафарашон ба ватан барнагаштаанд. Барои қаҳрамонӣ ва ҷонфидоӣ дар набардҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ беш аз 56 ҳазор тоҷикистонӣ бо ордену медалҳои ҷангӣ ва 54 нафар бошад бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед