Ru  | Tj
Сафири Русия: Матвиенко охири моҳ бо як сафари расмӣ ба Душанбе меояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири Русия: Матвиенко охири моҳ бо як сафари расмӣ ба Душанбе меояд
Акс: Интернет

Сафири Русия: Матвиенко охири моҳ бо як сафари расмӣ ба Душанбе меояд

Нашр шуд

Ба гузориши ТАСС, Игор Лякин-Флоров, Сафири Русия дар Тоҷикистон гуфтааст, ки Валентина Матвиенко рӯзҳои 24-25-уми феврал барои анҷоми як сафари расмӣ аз Тоҷикистон дидан мекунад. 

Флоров дар бобати ҷузъиёти ин сафар низ маълумот додаву афзудааст, ки Матвиенко дар чаҳорчӯби ин сафар бо Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва раисони ҳарду палатаи Парлумони Тоҷикистон дидору гуфтугӯ мекунад. 

Таъкид шудааст, ки Раиси Шӯрои Федератсияи Русия дар ин мулоқотҳо масоили марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба ва рушди равобити байнипарлумониро баррасӣ хоҳад кард. 

Интизор меравад, вай ҳамчунин дар ҳамоиши байнипарлумонии Тоҷикистону Русия дар масъалаҳои ҳамкории тиҷоративу иқтисодии минтақаҳои ду кишвар ширкат менамояд ва ҳамчунин аз майдони сохтмони мактаби русӣ дар Душанбе, пойтахти кишвар дидан мекунад.  

Гуфта мешавад, Матвиенкоро дар ин сафар чанд сенатор ва намояндагони вазоратҳои самти иқтисодиву соҳибкорон ҳамроҳӣ мекунанд. 

Русия соли гузашта барои сохтмони панҷ мактаби русӣ дар Тоҷикистон 150 миллион доллар ихтисос дода буд. Айни замон бунёди мактабҳои русӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд,  Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода  бомаром ҷараён дорад.  Гуфта мешавад, таълим дар ҳар як мактаби нав ба 1200 нафар хонанда пешбинӣ гардидааст.


Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар маросими кушодашавии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ ба Чин сафар кард




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед