Ru  | Tj
Сафири Саудӣ гуфт, ки кишвараш хостори тавсеаи равобит бо Тоҷикистон аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири Саудӣ гуфт, ки кишвараш хостори тавсеаи равобит бо Тоҷикистон аст
Акс: Рӯзномаи "Вечёрка"

Сафири Саудӣ гуфт, ки кишвараш хостори тавсеаи равобит бо Тоҷикистон аст

Нашр шуд

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ва Сафири Арабистони Саудӣ дар Душанбе масоили ҳамкории мақомоти интизомии ду кишварро баррасӣ намуданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои дохилӣ, дирӯз Рамазон Раҳимзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон Абдурраҳмон Ал-Рушайдон  мулоқот кард.

Гуфта мешавад, дар ин дидор тарафҳо масоили марбут ба ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистону Саудӣ дар самти мубориза алайҳи ҷинояткории муташаккилона, терроризм, экстремизм ва дигар мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ кардаанд.

Ал-Рушайдон аз ҷумла гуфтааст, ҷониби Саудӣ кӯшиш менамояд, ки ҳамкории гуногунҷабҳа бо Тоҷикистонро боз ҳам бештар тавсеа бахшад, зеро мардуми ду  кишвар бо ҳам дӯсту бародар буда,  риштаи ин дӯстиву рафоқат дар оянда боз ҳам мустаҳкамтар мегардад.

Ал-Рушайдон моҳи июли соли гузашта ба ҷои Абдулазиз Муҳаммад ал-Бодӣ сафири кишвараш дар Душанбе таъин шуда буд.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон чанд рӯзе пеш бо раисони ҳафт шаҳри бузурги Эрон низ дар Душанбе дидору гуфтугӯ дошт.


Миёни Душанбеву Боку Созишнома оид ба муносибатҳои бародаршаҳрӣ имзо шуд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед