Ru  | Tj
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск дидор кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон бо Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск дидор кард
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон бо Раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск дидор кард

Нашр шуд

Дар мулоқоти Ҳақдод ва Кухарëв масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои корхонаҳои истеҳсолии шаҳрҳои Душанбе ва Минск мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Тоҷикистон дар Беларус Маҳмадшариф Ҳақдод 23-юми сентябр бо раиси Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск Владимир Кухарёв дидору гуфтугӯ кард.

Манбаъ меафзояд, раванди мусбат ва дурнамои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла кооператсияи истеҳсолӣ миёни корхонаҳои шаҳрҳои Душанбе ва Минск аз мавзуъҳои аслии ин мулоқот буд.

Гуфта мешавад, мусоидат ба рушди робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва тақвияти фаъолияти тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва фарҳангӣ-гуманитарӣ аз дигар меҳварҳои ин дидор будааст.

Бояд гуфт, ки 1998 миëни Душанбе ва Минск Шартномаи паймони бародаршаҳрӣ ба имзо расида буд. Ҳамчунин, миëни ду шаҳр Созишнома миёни Ҳукумати шаҳри Душанбе ва Кумитаи иҷроияи шаҳри Минск дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ ба имзо расида буд.


Дидори Сафир бо Дабири кулл ва баррасии равобити Тоҷикистон бо кишварҳои Халиҷ


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед