Ru  | Tj
Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба Шавкат Мирзиёев эътимодномаи худро таслим кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба Шавкат Мирзиёев эътимодномаи худро таслим кард
Акс: Интернет

Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон ба Шавкат Мирзиёев эътимодномаи худро таслим кард

Нашр шуд

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, Абдуҷаббор Раҳмонзода, сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон 25-уми август эътимодномаи худро ба Шавкат Мирзиёев супоридааст.

Вай ҳамчунин ба Мирзиёев таманниёти неки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро расонида, пас аз маросими таслими эътимоднома бо Раҳбари Ӯзбекистон мулоқот анҷом додааст.

Манбаъ афзудааст, ки Раҳмонзодаву Мирзиёев дар бобати ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба, дурнамои густариши ҳамкорӣ байни кишварҳо ва масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи муштарак табодули афкор намудаанд.

Абдуҷаббор Раҳмонзода ҳанӯз моҳи май ба симмати сафири Тоҷикистон ба Ӯзбекистон таъин шуда буд. Вай 62- сол дорад ва акадеки Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошад.

Қаблан Раҳмонзода дар вазифаи Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа кор мекард.



Британияи Кабир барои кӯмак ба таъмини амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ изҳори омодагӣ кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед