Ru  | Tj
Сафири Тоҷикистон ва Дабири СҲИ роҳҳои расонидани кӯмак ба мардуми Афғонистонро баррасӣ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон ва Дабири СҲИ роҳҳои расонидани кӯмак ба мардуми Афғонистонро баррасӣ карданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Сафири Тоҷикистон ва Дабири СҲИ роҳҳои расонидани кӯмак ба мардуми Афғонистонро баррасӣ карданд

Нашр шуд

Сафири тоҷик ва Дабири кулли Созмони ҳамкории исломӣ вазъи кунунӣ дар Афғонистон ва роҳҳои расонидани кӯмакҳои башарӣ ба мардуми ин кишварро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Вазорати корҳои хориҷӣ, 27-уми декабр дар Ҷидда Акрам Каримӣ, Сафири Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ ва ҳамзамон намояндаи доимии кишвар дар СҲИ бо Дабири кулли мунтахаби ин созмон Ҳусейн Иброҳим Тоҳо дидору гуфтугӯ кард.

Манбаъ мегӯяд, дар ин мулоқот тарафҳо қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла вазъи гуманитарӣ дар Афғонистонро баррасӣ намуданд.

Афзуда шудааст, ки дарёфти механизмҳои расонидани кӯмакҳои башарӣ ба мардуми афғон аз меҳварҳои аслии ин дидор будааст.

Ҷонибҳои ҳамчунин дар бобати тақвияти равобити Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ ва ниҳодҳои тобеи он ва инчунин роҳҳои таҳкими фаъолияти муштарак дар чаҳорчӯби ин созмонро баррасӣ намудаанд.

Қаблан Созмони ҳамкории исломӣ гуфта буд, ки Хазинаи кӯмаки башардӯстона ба мардуми Афғонистонро таъсис медиҳад. Дар ин бора дар нишасти Шӯрои вазирони хориҷии ин созмон дар Исломобод қарори махсус қабул шуда буд.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ҳам борҳо бо масъалаи буҳрони башарӣ дар Афғонистон ишора кардааст. Дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олӣ низ ҳафтаи гузашта Президент ба Ҳукумати кишвар дастур дод, ки аз рӯйи имкон ҷиҳати расондани кӯмаки башардӯстона ба мардуми дӯсти Афғонистон чораҷӯйӣ намоянд.

Русия ба мардуми Афғонистон кӯмаки башардӯстона фиристодааст


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед