Ru  | Tj
Сафири тозамансуби Белорус дар Душанбе ба фаъолияти дипломатӣ шурӯъ кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири тозамансуби Белорус дар Душанбе ба фаъолияти дипломатӣ шурӯъ кард
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафири тозамансуби Белорус дар Душанбе ба фаъолияти дипломатӣ шурӯъ кард

Нашр шуд

Сафири тозатаъйини кишвари Белорус дар Душанбе нусхаи эътимодномаи худро ба Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон супурд.

Ба иттилои Вазорати хориҷӣ, Виктор Денисенко пас аз таслими устуворнома ба Сироҷиддин Муҳриддин бо вазири тоҷик мулоқот ва густариши равобити ду кишвар дар арсаҳои мухталифро баррасӣ кард.

Манбаъ меафзояд, ҳамчунин перомуни вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистон ва Белорус мубодилаи афкор намуданд.

Олег Иванов, сафири пешини Белорус дар Тоҷикистон пас аз сафари Александр Лукашенко ба Душанбе дар моҳи сентябр аз мақоми хеш барканор гардид.

Президенти Белорус пас аз таъйин намудани Денисенко ба симмати сафири кишвараш дар Душанбе бо вай мулоқот анҷом додаву гуфта буд, ки Тоҷикистон на танҳо як кишвари дӯсти Белорус аст, балки ба замми ин, миёни сарони ду кишвар дӯстии устувор вуҷуд дорад.

Сафири нави Саудӣ ба Нозирӣ нусхаи эътимоднома супурд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед