Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафири тозатаъйини Қазоқистон ба Содиқ Имомӣ нусхаи эътимоднома супурд
Нашр шуд
Валихан Туреханов, Сафири навтаъйини Қазоқистон ба Душанбе омад ва нусхаи худро таслими Содиқ Имомӣ кард.
Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки рӯзи 6-уми апрел дар Душанбе Содиқ Имомӣ муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафири тозатаъйини Қазоқистон дар Тоҷикистон Валихан Турехановро бо мақсади супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт ва бо ӯ мулоқот намуд.
Гуфта мешавад, дар мулоқот ҳамчунин, масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ гардида, ҷонибҳо перомуни чорабиниҳои муштараки дарпешистода ба муносибати 30-юмин солгарди барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ табодули афкор намудаанд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед