Ru  | Tj
Сафирони забони русӣ дар Тоҷикистон ба кор шуруъ карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафирони забони русӣ дар Тоҷикистон ба кор шуруъ карданд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Сафирони забони русӣ дар Тоҷикистон ба кор шуруъ карданд

Нашр шуд

Барномаи байналмилалии ризокорони “Сафирони забони русӣ дар ҷаҳон” дар вилояти Суғди Тоҷикистон оғоз шуд. Тӯли як ҳафта 14 нафар ризокорон дар мактабҳои шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд дарсҳои забони русӣ, таърих ва фарҳанги Русия ва дарси маҳорат мегузаронанд.

Дар чорабиниҳо инчунин донишҷӯёни факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров низ ширкат меварзанд.

Бояд гуфт, ки «Сафирони забони русӣ дар ҷаҳон» як барномаи байналмилалии ризокорӣ мебошад, ки бо ибтикори Донишкадаи давлатии забони русии ба номи А.Пушкин бо дастгирии Вазорати илм ва таҳсилоти олии Русия аз соли 2015 оғоз шудааст.

Ҳадафи лоиҳа таблиғи забон, фарҳанг ва адабиёти рус дар Русия ва хориҷи кишвар, инчунин рушд ва таҳкими шарикии байни донишгоҳҳо дар сатҳи байналмилалӣ, тарғиби арзишҳои фарҳангӣ ва роҳандозии муколамаи фарҳангҳо мебошад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед