Ru  | Tj
Сафорат ва намояндагиҳои дипломатии Афғонистон дар ИМА баста мешаванд ва сафир низ истеъфо дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафорат ва намояндагиҳои дипломатии Афғонистон дар ИМА баста мешаванд ва сафир низ истеъфо дод
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии ИМА

Сафорат ва намояндагиҳои дипломатии Афғонистон дар ИМА баста мешаванд ва сафир низ истеъфо дод

Нашр шуд


Тибқи  номаи Вазорати корҳои хориҷаи Амрико ба сафорати Афғонистон дар Вашингтон сафорати Афғонистон дар Вашингтон ва консулгариҳои он дар Лос-Анҷелесу Ню-Йорк баста хоҳанд шуд.

Ҳамчунин, хабар дода мешавад, ки Одила Роз, сафири ҳукумати Афғонистон дар Вашингтон, истеъфо медиҳад.

Як манбаъ дар сафорати Афғонистон нусхаи номаҳои табодули байни Сафорат ва Вазорати корҳои хориҷаи Амрикоро ба расонаҳо пешниҳод кардааст.
Сафорати Афғонистон гуфтааст: "Мушкилоти иқтисодӣ идомаи фаъолияти сафоратро номумкин кардааст.”

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳукумати Толибонро* ба расмият нашинохтааст ва ҳисобҳои молии сафоратхонаҳои Афғонистон дар ин кишвар дар бонкҳои Амрико масдуд шудаанд
Дар як номаи рӯзи 18-уми январ Департаменти давлатии ИМА ба сафорати Афғонистон дар Вашингтон хабар дод, ки "дар давоми як моҳ" сафорат ва ҳамчунин консулгариҳои Афғонистон дар Ню-Йорк ва Лос-Анҷелес баста хоҳанд шуд.

Дар ин нома пешниҳод шудааст, ки Одила Роз, сафири пешини Афғонистон дар Вашингтон ба танҳоӣ метавонад вазифаи худро идома диҳад, аммо дигар кормандони дипломатӣ аз масуният ва имтиёзҳои дипломатии худ маҳрум хоҳанд шуд.

Сафорати Афғонистон рӯзи 11-уми феврал дар як нома ба Вазорати корҳои хориҷаи Амрико навишт, хонум Роз намехоҳад танҳо кор кунад ва бо кормандони худ истеъфо медиҳад.



Ағбар: Намояндагиҳои дипломатии Афғонистон ҳукумати Толибонро эътироф намекунанд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед