Ru  | Tj
Сафорати Афғонистон дар Ҳиндустон ба таври доимӣ баста мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Сафорати Афғонистон дар Ҳиндустон ба таври доимӣ баста мешавад
Акс: Аз манбаъҳои боз

Сафорати Афғонистон дар Ҳиндустон ба таври доимӣ баста мешавад

Нашр шуд

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар Ҳиндустон, ки қаблан фаъолияташро қатъ карда буд, эълон кард, ки ба таври доимӣ баста шудааст. Сафорат рӯзи 24-уми ноябр дар шабакаи X изҳороте нашр кард ва навишт, ки ин сафорат ба далели "мухолифатҳои пайвастаи ҳукумати Ҳиндустон" ба таври доимӣ баста шудааст. Дар ин бора вебгоҳи рӯзномаи "Иттилоъоти рӯз" иттилоъ дод.

Сафорати Афғонистон дар Ҳинд дар аввали моҳи октябр эълом карда буд, ки ба далели набуди пуштибонӣ аз ҷониби кишвари мизбон ва қонеъ нашудани интизориҳо дар бахши хидматрасонӣ ба манофеъи мардуми Афғонистон фаъолияташро қатъ мекунад.

Дар эъломияи нави ин сафорат гуфта мешавад, ки бо вуҷуди ҳашт ҳафтаи интизорӣ ҳадафҳои тамдиди раводид барои дипломатҳо ва тағйири бархӯрди ҳукумати Ҳинд амалӣ нашуданд.

Дар идома гуфта мешавад, ки фишори пайвастаи Толибон* ва ҳукумати Ҳинд барои даст кашидан аз назорати сафорат кормандони сафоратро бо интихоби мушкил рӯбарӯ кардааст.

Бояд гуфт, ки сафорати Афғонистон дар Ҳиндустонро дипломатҳои пешниҳодкардаи ҳукумати қаблӣ идора мекарданд ва то бастани он бо номи «Сафорати Ҷумҳурии Исломии Афғонистон» фаъолият мекард.

Дар изҳороти ин сафорат гуфта мешавад, ки ҳеч яке аз дипломатҳои ҳукумати қаблии Афғонистон феълан дар Ҳиндустон ҳузур надоранд ва танҳо афроди вобаста ба Толибон дар ин кишвар ҳастанд.

Дипломатҳои ҳукумати қаблии Афғонистон дар Деҳлӣ гуфтаанд, ки ин сафоратро ба давлати Ҳинд таслим кардаанд ва ҳоло тасмим дар бораи сарнавишти ин сафорат, аз ҷумла баста мондан ё ба Толибон супурдани он бар уҳдаи давлати Ҳиндустон аст.

Дипломатҳо ҳамчунин аз ҳукумати Ҳинд хостаанд, то парчами серангаи Афғонистон болои сафорат боқӣ бимонад ва амволи сафорат аз сӯйи давлати Ҳиндустон муҳофизат шавад.

Қобили зикр аст, ки аз замони дубора ба дасти Толибон расидани Афғонистон чанд кишвар сафоратхонаҳои Афғонистонро ба ихтиёри ин гурӯҳ супурданд, аммо ҳукумати Ҳинд то кунун аз додани сафорати Афғонистон ба дасти Толибон худдорӣ карда буд.

Толибон тайи ду соли ахир пайваста талош доранд сафоратхонаҳои Афғонистонро зери назорат гиранд, аммо то ҳол теъдоди зиёде аз сафоратхонаҳо ва ниҳодҳои сиёсии Афғонистон аз ин гурӯҳ дастур намегиранд.

 

*Фаъолияти ин гурӯҳ дар Тоҷикистон мамнуъ аст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед